Навид
Боздид аз ҷараёни корҳо дар нақби обрави агрегатҳои №1 ва 2-и обқабулкунаки доимӣ дар Неругоҳи барқии обии Роғун
27.08.2025 16:18
26.08.2025
https://president.tj/event/news/52418
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд.
Корҳои нақбканӣ ва устуворсозии обрасонҳо дар ҳоли анҷомёбӣ буда, сементрезии мустаҳкамкунанда ҷараён дорад. Барои насби оҳанфилизот ва бетонхобонии дохили обрасонҳо лулаҳои филизӣ, ки қутрашон 7 метрро ....
Шиносоӣ бо обқабулкунакҳои доимии Неругоҳи барқии обии Роғун
27.08.2025 16:10
26.08.2025
https://president.tj/event/news/52422
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқии обии Роғун шинос шуданд.
Вазифаи аслии обқабулкунаки доимӣ вобаста ба сатҳи об дар обанбор аз 3 зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон, мустаҳкам нигоҳ доштани қабати кӯҳпора ва пешгирии кӯчиши ҷинсҳои кӯҳӣ ....
Дар деҳаҳҳои Ушхарв ва Хумби Варии ноҳияи Дарвоз роҳҳои афтомобилгарди сатҳи маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
20.08.2025 10:26
Дар идомаи сафари кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар деҳаҳҳои Ушхарв ва Хумби Варӣ роҳҳои афтомобилгарди сатҳи маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Роҳи автомобилгарди деҳаи Ушхарв 2,700 метр дарозӣ ва роҳи маҳаллии Хумби Варӣ бошад, 1,500 метро дарбар мегирад.
Дар ифттитоҳи роҳи мошингузари сатҳи маҳаллӣ деҳаи Ушхарви ....
Баргузории даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" дар ВМКБ
20.08.2025 10:12
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донои китоб аст" бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷамъбаст гардид. Ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар қатри дигар ғолибони озмуни даври вилояти "Фӯруғи субҳи доноӣ КИТОБ ....
Ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории ҷумҳурявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
18.08.2025 12:17
Ҷаласаи чоруми гурӯҳи кории ҷумҳурявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед, Ашурализода Абдураҳмон муовини ....
Ҷаласаи назди муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ доир ба рафти иҷрои Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар ВМКБ
18.08.2025 12:05
Дар ноҳияи Дарвоз ҷаласаи назди муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Мансурӣ доир ба рафти иҷрои Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф дар ВМКБ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияиҳои вилоят, раёсати маорифи вилоят ....
Боз гардидани роҳи деҳаи Гишуни Ҷамоати деҳоти Қалъаихум
01.08.2025 10:37
Дар натиҷаи боришоти пайдарпайи мавсими баҳори соли 2025, хусусан дар моҳҳои апрел ва май, дар роҳи аҳамияти маҳаллӣ, ки деҳаҳои Хост ва Гишуни Ҷамоати деҳоти Қалъаихумро бо маркази ноҳия мепайвандад, кӯҳпораи калонҳаҷм ва сангрезаҳои зиёд фаромада, ҳаракати нақлиёт пурра қатъ гардида буд.
Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва таъмин ....
Гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ бо шахсони масъул ва аъзоёни комисияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз
01.08.2025 10:09
Дар асоси қарори раиси ВМКБ аз 22.11.2024, №356 "Дар бораи тасдиқи нақшаи пуррагардонии шунавандагон дар Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофияи гражданӣ дар ВМКБ" гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ бо шахсони масъул ва аъзоёни комисияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Дарвоз ба нақша гирифта шуда, аз тарафи подполковник Хусравова Шоира- сардори Маркази ....
Боздид аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз 25.06.2025
30.06.2025 15:58
https://president.tj/event/news/51305
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз ҳамчунин аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дидан намуданд.
Иншооти нави сайёҳӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин ....
Ифтитоҳи Комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” дар ноҳияи Дарвоз 25.06.2025
30.06.2025 15:54
https://president.tj/event/news/51303
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз ҳамчунин ба фаъолияти комплекси сайёҳии “ЗЕВ.С” оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки комплекси сайёҳӣ дар байни қаторкӯҳҳои деҳаи Зев, ки дарёву чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор дорад, дар масоҳати зиёда аз 2 гектар сохта шудааст.
Комплекси ....
Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ- Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз 25.06.2025
30.06.2025 15:49
https://president.tj/event/news/51300
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ-Корея”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна ....
Мулоқот бо ятимон ва кӯдакон имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Дарвоз 25.06.2025
30.06.2025 15:40
https://president.tj/event/news/51296
25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо 100 ятим ва кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Тавре таъкид гардид, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ....
Вохӯрии нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба кормандони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт
16.05.2025 15:59
Тибқи нақшаи кории Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар толори Ҷамоати деҳоти Сағирдашт вохӯрии Назруллозода Беҳрӯз-нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба кормандони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, директорони муассисаҳои таълимии қаламрави ....
Маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 23441 дар ноҳияи Дарвоз
16.05.2025 15:49
9-май дар маркази ноҳияи Дарвоз маросими қабули савганди ҳарбии наваскарони қисми ҳарбии 23441-и Қушунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки мардуми тоҷик соли равонро дар фазои орому осудаи кишвар ва таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ-ро, бо як шукуҳу шаҳомати ....
Мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти "Ҷоми раиси ноҳия"
16.05.2025 15:12
Дар деҳаи Ушхарви Ҷамоати деҳоти Нулванд барои дарёфти "Ҷоми раиси ноҳия" дар байни дастаҳои деҳоти ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол баргузор гардид, ки дар он дастаи деҳаи Хостав ғолиб омада, сазовори Ҷом ва маблағи пулӣ гардиданд.
Инчунин, дастаҳои Ёгед ва Дуробак сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд.