Cеминар-машварат "Дар бораи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назорати хазинавӣ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Раёсати андоз дар ВМКБ бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.11.2021,№432 "Дар бораи тартиби истифодаи дастгоҳҳои назорати хазинавӣ" аз ҷониби сардори Шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андози ВМКБ Мирзоҳусайнов Илҳом ва намояндаи Бонки миллӣ дар ВМКБ Сайфуллоев Андрей бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Қосимӣ Диловар семинар-машварат доир карда шуд.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста ба тарзи истифодаи дурусти дастгоҳҳои назорати хазинавӣ ва шаффофияти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ баромад намуда, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои қаноаткунанда дода шуд.
















