Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таърих

Аз замонҳои қадим Дарвоз ҳамчун як минтақаи ҷуғрофӣ ва сиёсии таърихӣ бо хусусиятҳои хоси иқлим, шароити зиндагӣ ва урфу одати мардум шинохта шудааст. Дарвоз аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар водии дарёҳои Панҷ ва Хингов ҷойгир шуда, муддате тобеияти миқдоре аз водии Сурхобро ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ дар ихтиёр дошт. Ҳудуди Дарвоз дар водии дарёи Панҷ аз маҷрои рӯди Язгулом то кӯҳи Девдара, ки дар миёнаи деҳаҳои Зуғари тобеи Дарвоз ва Шовуни тобеи Кӯлоб ҷойгир аст, тӯл мекашид ва соҳилҳои чапу рости ин дарёро фаро мегирифт. Кӯҳи Девдара гӯё санги дари бастаи Дарвоз буд, ки рафту омадро ба ҷониби Кӯлоб душвору муҳмал карда буд ва дар замони истиқлоли Тоҷикистон бо саъйи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онро бури- да роҳ кушоданд. Водии Хингоб дар болооби худ, дар минтақаи Вахёи Боло ба бунбаст мерасад ва дар поёни он дар ҳудуди деҳаи Кафтаргу- зар, ки аз ҳайси номаш вуруд ба он мушкиле дошт, ҳудуди Дарвози қадимиро мебандад. Миёни водии Панҷ ва водии Хингов як-ду ағбаи мушкилгузар мавҷуд буд, ки зимистон онҳо бо зиёдии барфу шиддати сармову ях баста мешуданд. Ҳамин тангнои баста аз ҷаҳони беруна ва раҳгузари қудратҳои азими сиёсӣ барои Дарвоз шароити мавҷудияти мустақили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва этнографии онро дар мудда- ти мадиде таъмин кард.

Қобили қайд аст, ки рӯй овардан ба таърихи пурғановати халқамон маҳз дар замони истиқлолият беш аз пеш суръат гирифтааст. Ин беса- баб нест. Таърихогаҳӣ яке аз омилҳои ҳалкунандаи худшиносии мил- лист. Дар мадди назари сиёсати давлатӣ қарор ёфтани омӯзиши таъри- хи миллат низ аз ҳамин зарурат бар меояд. Таърихи мукаммали мил- латро бошад, бе таҳқиқи тамоми манотиқи кишвар таълиф намудан ғайри имкон аст. Аз ин нуқтаи назар, қолаби анъанавии таърихнависи- ро, ки дар доираи шаҳрҳои марказӣ, таҳқиқи ҷузъиёти зиндагии намо- яндагони силсиласулолаҳои бегонатабори истисморгар сурат меги- рифт, шикастан лозим меояд ва муаррихон бояд бештар ба омӯзиши ҳаёт, мақому манзалат, ҳамбастагии фарҳангии тамоми минтақаҳои тоҷикнишин дар ин ё он давраи таърихӣ, ҷиддан рӯ оваранд.

  Таърихи Дарвоз



Омори сомона

1344153
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
71
368
71
1339664
15942
18171
1344153