Насби панелҳои офтобӣ барои чароғонкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта дар деҳаи Кеврон

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону ҷавонони деҳаи Кеврони Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Онҳо барои беҳтар кардани рушди инфрасохтори деҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз 60 адад панелҳои офтобиро барои чароғонкунии роҳ насб карданд.
Ин амал шаҳодат медиҳад, ки сокинони ватандӯст ва бомасъулияти деҳаи Кеврон бо ҳамовози ба сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагиро рушд медиҳвнд. Иқдоми онҳо на танҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, балки барои ободии диёри азизамон низ аҳамияти калон дорад. Сокинон бо ин амалҳо ба рушди устувори деҳа ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум кӯмак мерасонанд.
















