Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз

fevral26
Тибқи Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар майдони Таги чанори маркази ноҳия бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар як сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ба сухан баромада, кулли сокинони ноҳия ва афсарону сарбозонро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, зикр намуданд, ки “Маҳз бо туфайли Истиқлоли давлатӣ мо имконият пайдо намудем, ки Артиши миллии худро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад, таъсис дода, ин рӯзи таърихиро ботантана ва дар фазои орому осудаи Ватани азизамон таҷлил намоем”.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамояд. Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод меноманд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техники Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.
Дар чорабинӣ, собқадорон ва афсарону сарбозон, барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дастгирии сиёсати Ҳукумати мамлакат, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, таъмини ҳифзи марзу буми кишвар, амнияти давлату ҷомеа ва бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома туҳфаи раиси ноҳия қадрдонӣ қарда шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони бахши фарҳанг бо шеъру сурудҳои рангини худ, ки тараннумгари Ватан-Модар, сулҳу дустӣ ва Истиқлолият мебошанд, табъи иштирокчиёнро болида сохтанд.

 



Омори сомона

1804482
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
616
1411
2230
1795684
2709
32768
1804482