Вохӯрии гуруҳи кории Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии гуруҳи кории Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раис, сардорони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон суханронӣ намуда, гуруҳи кориро хайрамақдам намуданд.
Баъдан, аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар бораи вазъи сарҳади давлатӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, ҳифзи сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани шароити маишии хизматчиёни ҳарбӣ, далериву ҷасорат, шуҷоъатмандонаи сарҳадбонони тоҷик дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, ҳамкории зичи бо сарҳадбонон, , дар ин имконияту шароити фароҳамгардида, баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо дар деҳаҳои наздисарҳадӣ, ба роҳ мондани ҳамкории сокинони маҳаллӣ бо сарҳадбонон ҷиҳати ошкор сохтани ҷинояткорони сарҳадшикан, баргузории мулоқоту суҳбатҳо аз ҷониби аҳли зиё бо афсарон сарбозон дар мавзӯъҳои Ватану ватандустӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, худкушӣ ва омилҳои номатлуби он дар ҷомеа, ва дигар масъалаҳои рӯзмарра, суханронӣ карда шуд.
Инчунин, аз ҷониби масъулини соҳа ҷиҳати бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани сокинону ҷавонон то синни 40 сола имконият доранд, ки дар Қушунҳои сарҳадӣ, ба ҳайси прапоршик ва афсар кору фаъолият намуда, бо маоши хуб таъмин мегарданд.
Зикр карда шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо биною иншоотҳои наву муосир муҷаҳҳаз бо тамоми шароити мусоиди хидматию маишӣ барои афсарону сарбозон мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар охир раиси ноҳия оид ба масъалаҳои баррасишуда, изҳори назар намуда, вобаста ба раванди ҳассосу мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, ҳифзу гиромӣ доштани сарҳади давлатӣ, ҳимояи марзу буми кишвар аз сардорони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки ҳамкориро бо сарҳадбонон дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.
















