Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон
Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон - аз 13 декабри соли 2013 ба ҳайси раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ кор мекунад
Соли таваллуд:
08 августи соли 1959
Ҷои таваллуд:
деҳаи Кулумбаи Болои ноҳияи Дарвози ВМКБ
Миллат:
тоҷик
Таҳсилот:
олӣ, соли 1976-Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хоруғ, соли 1988-Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 2017 –Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос:
зооинженер, иқтисод ва идора дар соҳаи геология
Унвони илмӣ:
надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад:
забони русӣ
Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:
ҳа
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:
ҳа медали «Хизмати шоиста» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.08.2011,№ 1133)
Вазъи оилавӣ:
оиладор соҳиби 7 фарзанд
Суроға:
деҳаи Қалъаихуми ноҳияи Дарвози ВМКБ
Кор ва фаъолияти собиқа:
- Солҳои 1977-1978 духтури ҳайвоноти совхози «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 1978-1980 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ
- Солҳои 1980-1986 духтури ҳайвоноти совхози «Сағирдашт» -и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 1986-1989 зоотехники фермаи чорвопарварии №2-и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 1989-1991 мудири фермаи чорводории савхози Сағирдашт-и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 1991-1995 сарзоотехники совхози «Сағирдашт»-и ноҳия Дарвоз
- Солҳои 1995-2001 директори совхози «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 2001-2006 директори хоҷагии зотпарварии «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз
- Солҳои 2006-2013 раиси кооперативи истеҳсолии «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз
- Соли 2013 – 2013 сардори истеҳсолот дар ҶДММ «Таком-Голд»
- Аз 13 декабри соли 2013 то ҳол раиси ноҳияи Дарвоз.