Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Вохӯрии гурӯҳи муштараки дахлдори ноҳия дар самти робита бо ҷомеа аз рӯйи усули "Мактаб ба мактаб"

shrg2026
Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД - и ноҳия гурӯҳи муштараки дахлдори ноҳия дар самти робита бо ҷомеа аз рӯйи усули "Мактаб ба мактаб" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯри мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гиёева Меҳрангез, мудири Мақоми васоят ва парастории МИҲД-и ноҳия Муҳаббатов Шамил, намояндаи ШВКД- дар ноҳия Илҳомҷонзода Ҳасан, намояндаи МНДСЭ-и ноҳия Сафарализода Аҳмадшо, намояндаи Шуъбаи маорифи ноҳия Тутиев Саломатшо ва директори МТМУ №42 Бадалов Раҳматулло бо омуӯзгорону хонандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби гурӯҳи корӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва иҷрои вазифаҳо дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа намуданд, ҳамзамон иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, дар бораи интизоми хонандагон, истифодаи телефонҳои мобилӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терроризм ва экстромизм, одобу ахлоқи ҳамидаи инсони, мутолиаи осори ниёгон, баланд бардоштани малакаи дониши хонандагон, истифодаи технологияи муосир, роҳнамоии онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи донрӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифт", "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" ва “Шоҳномахонӣ” ва дигар мамъалаҳои рӯзмара ибрози андеша намуданд.

 



Омори сомона

1762012
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
13
1567
4307
1747429
41927
46351
1762012