Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ ТАРҒИБОТӢ- ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" ВА "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

ruzvay2026
Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи муштарак дар самти корҳои идеологӣ вохӯрии аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо сокинони деҳаи Рӯзвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, андешарони намуда, оид ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳо, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ, махсусан оиди пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки нерӯи барқ, пардохти саривақтии нерӯи барқ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, дар рӯҳияи ватандӯсти тарбия намудани фарзандон, баланд бардоштани ҳисси хизмат ба Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои рӯзмарра изҳори назар карда шуд.

 



Омори сомона

1795720
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
36
630
36
1790715
26715
48920
1795720