Мусобиқаи варзишии волейбол байни бонувони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 28-уми январ дар толори Гимназияи рақами 1-и ноҳияи Дарвоз мусобиқаи варзишии волейбол байни бонувони ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Дарвоз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ВМКБ, Раиси Федератсияи волейболи ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо мақсади рушди варзиш ва ташвиқи фаъолиятҳои бонувон дар соҳаи варзиш ташкил карда шуд.
Мусобиқаро раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон оғоз намуда таъкид намуданд, ки ин барои баланд бардоштани руҳияи варзишии бонувон аҳамияти калон дорад.
Ташкилкунандагон ва иштирокчиён изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо барои рушди варзиш, балки барои тақвияти равобити иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа низ аҳамияти бузург доранд.
















