Маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз баргузор гардид

Рӯзи 10-уми феврал дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз маҷлиси назоратӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо иштирок намуданд.
Машваратро раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, қаблан қадами муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба ноҳияи Дарвоз хайра мақдам намуда, вобаста ба сари вақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва вусъат додани корҳои ободонию сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ изҳори назар намуданд.
Сипас, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад ба сухан баромада, дастуру супоришҳои дар маҷлиси назди раиси вилоятро оиди вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳар як хона, маҳалла, деҳа, кӯча, шафати шоҳроҳ, тозаву озода намудани муҳити зист, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ, кабудизоркунӣ, шинондани дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ, вусъати корҳои баҳорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба кишту кори баҳорӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид, кишту парвариши картошка, рушди соҳаи замбуриасалпарварӣ, зиёд кардани оилаҳои замбур, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои уҳдадориҳои саноат, инчунин оиди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, сари вақт нишон додани вокунишҳои саривақтӣ ба маводҳои ғаразнок, рушди соҳаи варзиш, оммавӣ гардонидани он, омодагӣ ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати Ватан-Модар, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, омодагии ҳамаҷониба ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, рушди соҳаи фарҳанг, вазъи номусоиди боду ҳаво ва дар ҳолати омодабош қарор доштани техникаи нигаҳдории роҳҳо ва дигар масъалаҳои рӯзмарра баромад намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
















