Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Идомаи вохӯрии раиси ноҳияи Дарвоз дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт

sagrd2026
Идомаи вохӯрии раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бо сокинони деҳаҳои Сағирдашт, Кулумбия боло, Кулумби поён, Сайдон, Чухкак, Камчак ва Лухчи Ҷамоати деҳоти Сағирдашт доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, андешарони намуда, оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои муаззами миллат ибрози назар намуда, зикр намуданд, ки ҳар як нафар бояд дар фаъолияти кории худ Паёмро мутолиа ва ҳамчун дастурамали кории худ қарор диҳад.
Ҳамзамон, раиси ноҳия ҷиҳати саривақт амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, вусъати корҳои сохтмонӣ, дар иншоотҳои ҷашнӣ, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, иншоотҳои тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як хона кӯча, маҳала ва деҳа, тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат, тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, рушди устувории соҳибкорӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон дар ин самт, омодагии ҳамаҷониба ба мавсими зимистонгузаронӣ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди қаламрави ҷамоат, захираи маводи хурокворӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу суннатҳои волои ниёгон, одобу аҳлоқи ҳамидаи инсонӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ худшиносии миллӣ, аз бар кардани донишҳои нави илмӣ, мутолиаи осори китобҳои тақдимнамудаи Пешвои муаззами миллат, раванди то рафт мураккаб гардидани ҷомеаи ҷаҳонӣ, воқеъаву ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳон, садоқату вафодори нисбат ба давлату миллат, ҳифзи дастовардҳои даврони Истилои, таъмини сулҳу субот ваҳдати миллӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби раиси ноҳия ба суол ва дархости иштирокдорон посухҳои қонеъкунанда доданд.
Сӯҳбату вохӯриҳо бо сокинони ин ҷамоати дурдаст идома доранд.

 



Омори сомона

1771345
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1121
1219
1121
1757705
2340
48920
1771345