Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳала ба маҳала" бо сокинони деҳаи Зинг

deha bd deha
Дар асоси Нақшаи-чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз ҷиҳати рушду тавсеа бахшидани корҳои идеологӣ бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳала ба маҳала" бо сокинони деҳаи Зинги Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд.
Дар вохӯри аз ҷониби баромадкунандагон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, баромад намуда, инчунин оиди амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, маҳали зист, риояи фарҳангӣ либоспӯши миёни занону духтарон, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ, ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳар як хона кӯча, маҳала ва деҳа, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ, ҳифзи арзиши фарҳангӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ, ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ибрози андеша намуданд.

 



Омори сомона

1804495
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
629
1411
2243
1795684
2722
32768
1804495