Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Cеминари омӯзишӣ аз тарафи намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

elek hukumat
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ва намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ва Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намудаанд, бо мақсади гузаштан ба низоми ягонаи рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монда шуд.
Зимни баргузории семинар аз ҷониби масъулини соҳа вобаста ба ҷорӣ намудани системаи ягонаи муттамарказонидаи ҳукумати электронӣ тариқи монитор рӯнамоӣ гардида, ба иштирокчиён дастуру тавсияҳо пешниҳод карда шуд.

 



Омори сомона

1871997
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
809
2155
4877
1859291
17793
37258
1871997