Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Навид

Бояд ба гузаштҳо бар террористон нуқта гузошт 11.08.2018 18:28
Аз замони арзи ҳастӣ карданаш Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ то имрӯз мавқеъ ва дидгоҳашро дар баробари давлат ва миллат иваз накардааст. Танҳо дар баъзе мавридҳо вобаста ба давру замон ҷомаи худро дигар кардаанду халос. Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори ин ҳизб дар замони роҳбари ҳизб буданаш дар як ....
ТТЭ ҲНИ роҳи террорро идома медиҳад 10.08.2018 10:14
Роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар рӯйхати кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳанд. Онҳо аз ҷазои ҷиноии сазовор барои фаъолияти террористиашон пинҳон шуда, ба таври виртуалӣ тавассути шабакаи интернет ба омма муроҷиат мекунанд.Тасдиқи нави фаъолияти террористӣ доштани ....
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР» 21.10.2026 08:30
Чорабинии марказии илмии Экспедитсияи илмию сайёҳии байналмилалӣ “Бадахшон: аз Дарвозаи тиллоӣ то Боми ҷаҳон” дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рӯзҳои 13-18 октябри соли 2026 баргузор гардида истодааст, Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи ....
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Дарвоз 21.10.2026 08:25
Рӯзи 16-уми октябр тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия бахшида ба ҷашни Меҳргон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Малоҳат, иштирокчиёни Форуми ....
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи болопӯшидаи “Нури Модар Арена”, май 16.10.2026 09:45
Давоми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Қалъаи Хумби Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, варзишгоҳи болопӯшидаи “Нури Модар Арена”, майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сохтмони варзишгоҳи болопӯшида дар асоси дастуру супоришҳои ....
ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ ДАР ИФТИТОҲИ АКАДЕМИЯИ ФУТБОЛИ ВМКБ ДАР ДАРВОЗ ИШТИРОК КАРД 16.10.2026 09:40
Имрӯз, 14 октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд. Пас аз ифтитоҳи Академия Рустам Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакона иштирок кард, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш дода, шоҳиди як чорабинии ....
Баргузории ҷамбасти соҳаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нуҳмоҳаи соли 2026 дар ноҳияи Дарвоз 07.10.2026 15:50
Рӯзи 06.10.2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз таҳти раёсати раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2026 баргузор гардид. Дар машварати васеи назди раиси ноҳия муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои ....
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ 06.10.2026 11:13
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шуъбаю бахшҳо, омӯзгорон ....
Табрикоти раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгорон 06.10.2026 10:49
Ҳамдиёрони азиз! Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ид болои ид аст: тантанаҳо аз ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташрифи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Иди касбии омӯзгор ва таҷлили Рӯзи забони давлатӣ. Бо ифтихор иброз медорем, ки дар қатори ҳамаи ин ҷашну идҳои бузург ....
Баргузории иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз (даъвати ҳафтум) 02.10.2026 15:39
Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз баргузор карда шуд. Дар кори иҷлосия муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони ....
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 01.10.2026 10:18
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсту заҳматқарини вилоятро ба муносибати ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, хотираи фарзанди некноми Вилояти ....
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ 01.10.2026 10:14
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон! Боиси ифтихору сарбаландист, ки имрӯзҳо мо дар фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдати устувори миллӣ ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатии кишвари азизамонро таҷлил карда истодаем. Ба муносибати ин санаи бузурги таърихӣ кулли сокинони ватандӯсту заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ....
Суханронӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ 01.10.2026 10:09
Ҳамватанони азиз! Мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям. Бо ....
Суханронӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ 01.10.2026 10:04
Ҳамватанони азиз! Мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғ! Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ ва тантанаи адолати таърихӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки чанде пеш онро мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям. Бо ....
Иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 01.10.2026 09:53
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманду сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - 35-солагии истиқлоли ....


Омори сомона

2178506
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1884
1793
1884
2162177
3677
58144
2178506