Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 16-уми октябр тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия бахшида ба ҷашни Меҳргон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Малоҳат, иштирокчиёни Форуми байналмилалии “сайёҳии устувор ва меъроси фарҳангӣ” кормандони дастгоҳи раис, сардорони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти деҳқонону боғдорон ва кишоварзони ноҳия дидан намуда, ба дастранҷи заҳматкашону кишоварзон ва боғдорон баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ба сухан баромада, ҳамаи иштирокчиёни ҷашни Меҳргонро ва сокинону кишоварзонро ба муносибати таҷлили ҷашни Меҳргон табрику муборакбод намуда, зикр намуданд, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои қадим ба мо мерос монда, ниёгонамон онро бо шукӯҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ ҷашн мегирифтанд. Меҳргон айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Қайд карда шуд, ки Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.
Расму ойинҳо ва ҷашнҳои қадимаи ниёгонамон, ба монанди Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созандаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик хизмати созгоре намудаанд.
Дар анҷом чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангинии хешро манзури тамошобинон гардониданд.
















