Табрикоти раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи касбии омӯзгорон
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо ид болои ид аст: тантанаҳо аз ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташрифи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Иди касбии омӯзгор ва таҷлили Рӯзи забони давлатӣ.
Бо ифтихор иброз медорем, ки дар қатори ҳамаи ин ҷашну идҳои бузург зодрӯзи сиёсатмадори барҷастаи таърихи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ меистад, ки якоякро ба муносибати ин санаҳои бузургу таърихӣ табрику таҳният гуфта, таманно мекунам, ки доимо рӯзгори ободу пур аз шодию нишот насибатон бошад.
Дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нави рушду инкишофро боз намуда, барои рушду такомули забони нобу ширини тоҷикӣ заминаи мусоидеро ба миён овард, ки имрӯз мақому манзалати хосаеро ба худ касб намуда, ҳамчун забони расмӣ, коргузориву илмӣ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Ҷиҳати амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидааст.
Дар тӯли 35-соли соҳибистиқлолии кишвар дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди забони давлатӣ, ба амал бароварда шуда, дар ин давра ҷиҳати рушди забони давлатӣ як қатор барномаю стротегияҳо рӯйи кор омада, корҳои назаррас ба иҷро расонида шудааст.
Маҳз, дар ҳамин давраи соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардиа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ин пайваста тадбирҳои иловагиро амалӣ карда истодааст, ки ҳадаф аз он таҳкими бештар бахшидан ба мақом ва манзалати забони давлатӣ мебошад.
Зимни суханронии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки; “Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо буда, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст”.
Зикр намудан зарур аст, ки дар ин давра ҷиҳати рушди забони давлатӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тасдиқ гардида, барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ, моддӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ фароҳам меоварад.
Ҷойи хушнудӣ ва хурсандист, ки ҳамасола дар кишвари азизамон Рӯзи омӯзгор дар сатҳи шоиста таҷлил мегардад ва он ифодагари сиёсати оқилонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, нишонаи садоқату арҷгузорӣ ба заҳматҳои созандаи омӯзгорон мебошад.
Омӯзгор ин машъали рӯзафзуни ҷомеа маҳсуб ёфта, маҳз тавассути каломи бадеъи он мо ба қуллаҳои мурод расида, тавассути таълиму тадриси омӯзгор ҳар як инсон дар ҷомеа мавқеъ ва мартабаи хешро пайдо мекунад.
Омӯзгор дар замири шогирдон тухми некиву накӯкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, миллат нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад. Ҷомеаро дар ҳама давру замон, маҳз омӯзгор бо чароѓи маърифати хеш пурнур мегардонад, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз аз ҳамин муҳаррики асосӣ - илму маориф вобастагии қавӣ дорад ва меҳвари ин муҳаррик ҳамоно омӯзгор аст.
Зимни яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил медиҳанд”.
Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваыдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаи афзалиятнок шуморида, диққати авалиндараҷа ба ин соҳа равона намудааст.
Дар ин замина муассисаҳои зиёди таълимӣ азнавсозӣ гардида, шароити зисту зиндагии омӯзгорон беҳтару хубтар гардида истодааст.
Аз таърихи гузаштаи халқамон бармеояд, ки осори оламшумули таърихию фарҳангӣ ва илмию адабии ниёгонамон маҳз дар натиҷаи ранҷу заҳмати пайвастаи устод- омӯзгор офарида, ба азму талоши онҳо ба насли имрӯза дастрас ва ба амонат гузошта шудааст.
Сиёсати соҳаи маориф, ки дар саргаҳи он Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимод қарор дорад, тавре таҳрезӣ шудааст, ки дар раванди татбиқи он ҷомеаи мо зина ба зина дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас беш аз пеш ноил гардида истодааст.
Мо хуб медонем, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ буд ва дар муддати 35-сол дар ин соҳа дигаргуниҳои зиёде ба амал омадааст.
















