Баргузории ҷамбасти соҳаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нуҳмоҳаи соли 2026 дар ноҳияи Дарвоз

Рӯзи 06.10.2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз таҳти раёсати раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2026 баргузор гардид.
Дар машварати васеи назди раиси ноҳия муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ иштирок доштанд.
Ҷаласаро раиси ноҳия Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон ифтитоҳ намуда, суханро барои гузориш ба мудири бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и ноҳия Сафарализода Ёқуб доданд.
Баъди маълумот додан раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон ба муҳокимаи масъала гузашта, фаъолияти кории шуъбаю бахшҳо ва идораю муассисаҳои ноҳияро дар алоҳидагӣ таҳлилу натиҷагирӣ намуда, муваффақиятҳои ба даст омадаро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, зикр намуданд, ки соли ҷорӣ барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон соли таърихӣ, хотирмон боқӣ хоҳад монд, чун мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёт таҷлил намуданд.
Сипас, раиси ноҳияи Носирзода Умедҷон Саидҷон барои дар оянда низ ба роҳ мондани чунин корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, пайдо намудани манбаҳои нави андозбандӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмин бо маводи ғизоӣ, ҳолати омодабошии бинову иншоотҳои таъиноти гуногун, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ солҳои 2026-2027 ва дигар масъалаҳои рӯзарра ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
















