ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони шуъбаю бахшҳо, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии раиси ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ҳозирин ва тамоми омӯзгорони ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор самимона табрику муборакбод намуда, нақши забони тоҷикӣ ва омӯзгоронро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз муҳимтарин нишонаҳои пойдорӣ ва ҳастии ҳар халқу миллат ба шумор меравад. Забони ноби тоҷикӣ дар тӯли таърих ҳамчун забони илму адаб ва фарҳанг хизмат намуда, садҳо шоирону нависандагони бузург бо ин забон осори гаронбаҳои хешро офаридаанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар шароити имрӯза ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи меҳанпарастӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонон ба омӯзиши осори ниёгон, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, бештар ҷалб карда шаванд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, фаъолияти самаранок ва хизматҳои шоиста бо Ифтихорномаҳои раиси ноҳияи Дарвоз қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва меҳанпарастӣ, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшида, табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи эҳтиром ба забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба мақоми омӯзгор ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ баргузор гардид.
















