Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз (даъвати ҳафтум)

 IMG 3856
Имрӯз  дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз  баргузор карда шуд.

Дар кори иҷлосия муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо,  директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ ва раисони МХҶ иштирок намуданд.

Иҷлосияи ҳафтуми  (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз намуд.  

 Иҷлосия аз рўи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

1.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Дарвоз аз 01.04.2021, №166 оиди иҷрои қарори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз 12.03.2021, №70 вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон аз 31.12.2020, №702 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи  то соли 2030»,  

2.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Зиғар, №1 Ҳабибуллоев Исматулло «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ»

   3.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати ҳафтум) қабул гардидаанд. 
baec9e50 aa92 4045 af92 d3fdeff9dd94

Баъди муҳокима ва баррасии масъалаҳои иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз-раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ба сухан баромада, вобаста ба масъалаҳои дар рўзномаи иҷлосия баррасигардида, изҳори назар намуданд.

 Зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон соли таърихию хотирмон боқӣ хоҳад монд чун мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳо таҷлил намудем.

Бо ин мақсад, ҷиҳати дар оянда низ ба роҳ мондани чунин корҳои ободонию созандагӣ аз масъулин ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъват ба амал оварданд,  ки масъулияти вакилии худро бо дарки амиқи ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди касбӣ дарк намуда, камари ҳиммат банданд.

Аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз-раиси ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободониву созандагӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.  



Омори сомона

2144030
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1507
2192
10218
2122624
27345
47903
2144030