Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Паёми Пешвои миллат-ҳидоятгари муваффақиятҳо

Nosirzoda U S
Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати барномавиест, ки омӯхта ва омӯзонда мешавад. Он фарогири тамоми паҳлӯҳои давлатдорӣ ва зиндагии сокинони кишвар буда, барои боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум, фароҳам овардани шароити мусоиду шоиста ва ҳалли мушкилотҳои мавҷуда, нигаронида мешавад.
Дар Паём фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ гардида, вазифаҳо барои солҳои оянда муайян карда мешаванд.
Имрӯз ин ҳуҷҷати муҳим дар тамоми соҳаҳо ва сохторҳои мамлакат сармашқи кор қарор дода шуда, барои амалӣ намудани ҳар як банди он кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Тамоми нуқтаҳои Паём саривақтӣ ва муҳим мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки як нуқтаи муҳим, ки чанд соли охир дар Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хосса равона менамояд, рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад. Ҳамагон медонем, ки ин соҳаи ояндадори рушди иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб рафта, баҳри пешрафти кор дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, корҳои назаррасеро ба сомон расонида истодааст.
Ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад ва тавассути ин ноҳия сайёҳони дохилию хориҷӣ ба дигар шаҳру навоҳии вилоят дохил мегардад ва албатта мо медонем, ки таассуроти онҳо нисбат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳамин минтақа маншаъ мегирад.
Имрӯз дар ноҳия истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и деҳаи Паткуноб, шаҳри қадимаи Карон, мавзеъҳои Яхчи сор, Бредун, Сафедсанг, Ёвон, Пушогед, дараи Висхарв, Хост, Гишун, чашмаи Булуқак, дараи Элок ва боз чанди дигар ҳамчун макони тамошобоби сайёҳон дониста шудаанд.
Барои ҷалби бештари сайёҳон меҳмонхонаҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ошхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, баҳри ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои диданибоби ноҳия дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дода шудаанд.
Айни ҳол, ду минтақаи шикор: «М-Сайёд» дар мавзеъи Яхчи миёна ва «Бузи кӯҳӣ» дар деҳаи Паткуноб фаъолият дорад, ки барои сайёҳон хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд.
Ҳар як минтақа урфу одат ва анъанаҳои ба худ хосро доро аст. Диёри Дарвоз низ аз қадимулайём бо шахсони ҳунарманд ва моҳираш овозадор буд. Дар ин минтақа ҳунарҳои мардумӣ, бахусус табақтарошӣ, созтарошӣ, сӯзанӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ ва ѓайраҳо ривоҷ ёфта буд ва имрӯз мардумон барои эҳёи ин навъҳои ҳунармандӣ талош доранд.
Ба ҳунарҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва кашидадӯзӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» бонувони зиёд ба ин намудҳои фаъолият ҷалб карда шудаанд. Ҳамзамон, ҳунарҳои дастӣ низ рушд ёфта, маҳсули дастони ин ҳунармандон дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Дар баробари нуқтаҳои дар боло зикргардида мо бояд ба нуқтаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём ишоари махсус намуданд, яъне корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзгардонӣ ва шукуфоии ҳар як гӯшаи сарзамини биҳиштосои худ, ки ин ҳам дар пешбурди соҳаи сайёҳӣ ҷойгаҳи махсус дорад, таваҷҷуҳ намоем.
Ин аст, ки бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси диёр дар ин мавсими ниҳолшинонӣ зиёд аз 25 .000 ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири саҳмгузорӣ дар рушду ободии кишвар ба соҳибкорон арзи сипос намуда, таъкид доштанд, ки бояд ҳар як фарди ин сарзамини соҳибистиқлол дар ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳм дошта бошад.
Имрӯз моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми саъйу кӯшиши худро равона созем, чунки Паёми Пешво пайғоми умедҳои нав барои фардои равшантари Тоҷикистони соҳибистиқолу ҷавон ва сокинони он аст.
Умедҷон Носирзода –и.в. Раиси ноҳияи Дарвоз

 




Омори сомона

1183690
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
90
474
3679
1174206
1402
18866
1183690