Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия
Рӯзи 29-уми марти соли 2024 дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар толори хурди МИҲД-и ноҳияи Дарвоз таҳти раисии муовини раиси ноҳияи Дарвоз Қосимӣ Диловар вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия, раисони Ҷамоатҳои деҳот, раисони ташкилотҳои деҳотӣ, эмомхатиби масҷиди ҷомеа ва эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳия Қосимӣ Д вобаста ба нуқтаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9-уми март дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд, баромад намуда, аз ҷумла, оид ба риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ, инчунин вусъат додани корҳои ободкорию созандагӣ суханронӣ намуданд.