Дар маркази ноҳияи Дарвоз ҳашараи дастаҷаъмона баргузор карда шуд
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва зебову назаррабо намудани ҳар гӯшаву канори ватани азизамон дар маркази ноҳияи Дарвоз ҳашараи дастаҷаъмона баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон, кормандони дастгоҳи раис, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони идораю муассисаҳо, саҳибкорон ва намояндагони касбу кори гуногун дастаҷаъмона иштирок намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки дарахтони ороишии "Каштан", ки 150 бехро ташкил дода, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуданд, шинонида шуда, ба ин васила симои марказии ноҳия боз ҳам ободу зебо карда мешавад.