БАДАХШОН ДАР МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
Бознашр аз рӯзномаи "Бадахшон"
Корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд
Боиси хушнудист, ки дар тӯли 32 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат дода шуда, иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ дар самтҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, маишию хизматрасонӣ қомат афрохтанд. Дар ин муддат қитъаҳои алоҳидаи роҳи аҳамияти байналмилалидошта дар ҳудуди ноҳия, инчунин кӯпрукҳои зиёд сохта ба истифода дода шуданд. Ноҳия босуръат рушд намуда, симои марказ ба куллӣ тағйир кард. Чунин суръати пешравӣ ва ободониро мардуми ноҳия ҳеҷ замон дар ёд надорад. Аз он рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карданд, ки Бадахшон ба дарвозаи тиллоӣ мубаддал мегардад, дар ноҳияи Дарвоз корҳои ободонӣ ва созандагӣ бомаром оғоз ёфта, имрўз диёри кучак ба як шаҳраки назаррабо мубаддал гаштааст. Мегӯянд, ки дасти одаминзод гул аст ва агар инсон хоҳад даст ба ободӣ занад, олам гулистон мешавад. Инро ҳамеша Сарвари давлат таъкид мекунанд, ки ватани моро ба ҷуз мо дигар ягон кас обод намекунад.
Боиси қаноатмандист, ки соли гузашта сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, аз ҷумла, ноҳияи Дарвоз сурат гирифта, як қатор корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода шуданд.
Маҳз дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб як қатор иншооти маишию иҷтимоӣ ва корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла: Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат ба маблағи 28 миллион сомонӣ, меҳмонхонаи “Дарвоз-континентал” ба маблағи 10 миллион сомонӣ, корхонаҳои саноатии ҶДММ “Рател-паста”, ҶДММ “Шимшо” ба маблағи 7,5 миллион сомонӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ, ки дар маҷмӯъ маблағи 47,1 миллион сомониро ташкил додааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон аз соли 2022 таҷдиду барқарорсозии роҳи байналмилалии Қалъаихумб – Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рўшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ босуръат идома дорад, ки имсол бояд 50 километри он асфалтпӯш гардад.
Дар баробари ин, санги асоси сохтмони беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи зиёда аз даҳ миллион сомонӣ гузошта шуд, ки бо расидани баҳор сохтмон оғоз хоҳад шуд.
Соли 2023 форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помир-инвест - 2023” дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида, дар он ду ёддошти тафоҳум вобаста ба бунёди ҳавзи моҳипарварӣ ва қулфинайпарварӣ ба маблағи 547,4 млн сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳоло дар заминаи Парки ин-новатсионию технологии ноҳияи Дарвоз ва дар доираи ёддошти тафоҳум дар масоҳати 0,30 га парвариши қулфинай ба роҳ монда шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Барои ҳавзи моҳипарварӣ бошад, дар деҳаи Зеви Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб дар масоҳати 2,16 га қитъаи замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, давоми соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Инчунин, соли 2023 бо дастгирии шарикони рушд 4 гармхона дар Ҷамоати деҳоти Қалъаихумб ба маблағи 244 ҳазор сомонӣ бо масоҳати 240 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуда, дар гармхонаҳои бунёдгардида маҳсулоти барвақтӣ парвариш карда мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Нулвад бошад, соли гузашта 8 иншоот бо дастгирии соҳибкорон, шарикони рушд ва маблағҳои мутамарказ, аз ҷумла таъмири маркази саломатии деҳаи Ёгед ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Ширговад ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ ба маблағи 900 ҳазор сомонӣ, асфатпӯш намудани роҳи деҳаи Ушхарв ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ, сохтмони мағозаи тиҷоратӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, сохтмонҳои ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба маблағи 20 млн ба анҷом расонида шуданд, ки барои рушди минбаъдаи деҳот заминаи мусоид гузоштаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Сағирдашт бошад, соли сипаригардида бинои дуошёнаи таваллудхона ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ба маблағи 2,6 млн сомонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳаҳои Сафедорон ва Лангаро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ ва мағозаи тиҷоратӣ дар маркази ҷамоати деҳот ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ бо маблағгузории шарикони рушд, соҳибкорон ва буҷети давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, чунин корҳои созандагию ободкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Вишхарв низ идома дошта, соли гузашта ду майдончаи варзишӣ ба маблағи 1,5 млн сомонӣ, сохтмонҳои чор дидбонгоҳи сарҳадӣ ба маблағи 48 млн сомонӣ, сардхона ба маблағи 231 ҳазор сомонӣ, мағозаи тиҷоратӣ ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ ва ду кӯпруки байни деҳаҳои Хур ва Убағ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Қобили зикр аст, дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия тамоми чораҳо андешида шуда, то ин санаи фархунда ва фараҳбахш боварии комил аст, ки симои ҷамоатҳои деҳот ба куллӣ таъғйир ёфта, сокинон ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳанд гардид.
Боварии комил дорем, ки то ҷашни 35 - солагии Истиқлолият ВМКБ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил хоҳад ёфт ва ин, албатта, ба рушди иқтисоди мамлакат такон мебахшад.
Ёқуб САФАРАЛИЗОДА,
мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Дарвоз