Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

karor


Дар бораи эълон намудани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мутобиқи моддахои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти ҳокимяти давлатӣ» ва моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

ҚАРОР МКЕКУНАМ:

1. Барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ- мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и ноҳия, сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Вишхарв, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Нулванд, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Вишхарв, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ МИҲД-и н. Дарвоз, сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Нулванд, сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти Вишхарв ва сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия озмун эълон карда шавад.

2. Ба комиссияи озмуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шавад, ки озмунро дар асоси Низомномаи тартиби гузаронидани озмуни ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ ба роҳ монад.

3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия гузошта шавад.

karor 1




Омори сомона

1344375
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
293
368
293
1339664
16164
18171
1344375