Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Дарвоз

Majlisi 1
Имрӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовинони раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардорони идораю муассисаҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор карда шуд.
Машваратро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон кушода, иштирокчиёнро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1. Тағироти кадрӣ
2. Оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 17 декабри соли 2020, №432 вобаста ба иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 25 ноябри соли 2020, №402 роҷеъ ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020, №570 “Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”;
3. Дар бораи натиҷагирӣ аз таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2024 дар ноҳия
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис иҷрокунандаи раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон бо фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Солеҳзода Азизулло Додихудо ба вазифаи муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Дарвоз таъин карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм, директори Маркази таълимии Калонсолони дар ноҳияи Дарвоз Расоев Абдулсатор вобаста ба рафти иҷрои Барномаи мазкур маълумот пешниҳод намуданд.
Сипас, иҷрокунандаи раиси ноҳия ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур ба масъулини соҳа бо мақсади сари вақт ташкилу баргузор намудани курсҳои кутоҳмудати забономӯзӣ аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз рӯи масъалаи сеюм мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сафаров Мехрубоншо Идибекович баромад намуданд.
Баъдан, иҷрокунандаи раиси ноҳия Носирзода Умедҷон Саидҷон вобаста ба масъалаҳои дар рӯзнома баррасӣ гардида андешаронӣ намуда, ба масъулин бо мақсади сари вақт ба иҷро расонидани корҳои ободонию созандагӣ, насби шиору овезаҳои ҷашнӣ, кишту кори замин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, вазъи то рафт мураккаб гардонидани ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳи талиму тарбияи хонандагон, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои рӯзмарра ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 




Омори сомона

1183509
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
383
445
3498
1174206
1221
18866
1183509