Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Кушодашавии маркази саломатии Фонди Оғохон дар ноҳияи Дарвоз

 

    diygnostika

    Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз маркази саломатӣ, ки аз ҷониби ҶДММ «Сохтмон-трейд» бо 6 воҳиди корӣ бо маблағгузории Хадамоти тандурустии фонди Оғохон сохта ба истифода дода шуд, кушода гардид. Маркази тандурустӣ бо маблағи 278 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

 

Дар кушодашавии марказ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳонзода С.С ва директори Хадамоти тандурустии Оғохон дар Ҷумхурии Тоҷикистон Муҳаббат Баҳромов иштирок намуданд. Зимни суханронӣ раиси ноҳия Абдураҳмонзода С.С қайд намуд, ки соҳаи тандурустӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат мавқеи хоса ва калидиро касб намуда, баҳри ҳифзи саломатии мардум тамоми чораҳо андешида мешаванд.

diygnostika 1 

 

Ҳамагон дида истодаем ва пешравиҳои назаррас дар ин соҳа низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ бо маром идома ёфта, дар натиҷа танҳо дар ноҳияи мо даҳҳо муассисаҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гашта истодааст.

 

Ногуфта намонад, ки дар ҳамкорӣ бо сармояи дохиливу хориҷӣ сохтмони муассисаҳои тиббию табобатӣ низ дар ноҳия бо маром идома доранд.

 

Директори Хадамоти тандурустии Оғохон дар Ҷумхурии Тоҷикистон Муҳаббат Баҳромов низ ибрози андеша намуда, оиди фаъолияти Хадамот маълумот дода, аз ҳамкориҳои судманд бо МИҲД-и ноҳияи Дарвоз гуфта гузаштанд.

 

Дар ин рӯз аз ҷониби духтурони соҳибтаҷрибаи маркази навтаъсис бемороон ба таври ройгон қабул ва хизматрасонӣ карда шуданд.

 

 




Омори сомона

1177698
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
437
1190
3492
1170502
14276
25133
1177698