Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ноҳияи Дарвоз

 

 

new covid 2021 

 

Имрӯз вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус таҳти раёсати Раиси комиссияи Ситоди ноҳиявӣ- муовини раиси ноҳияи Дарвоз Мирзозода Зарина  вобаста ба чораҳои пешгирии хуруҷи навбатии бемории сироятии каронавирус (COVID-19) ҷаласа баргузор карда шуд.

 

Сараввал,  раиси комиссия вобаста ба амри раиси ноҳияи Дарвоз «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ»  аз 10.07.2021, №47 бо мақсади пешгирӣ намудани аз хатари паҳншавӣ ва хуруҷи навбатии бемории сироятии коронавирус маълумот дод.

 

Инчунин, дар ҷаласаи Ситод оиди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳал, аз ҳисоби кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва МИҲД-и ноҳия, милитсия, сардорони идораю муассисаҳо, роҳбарони МХҶ, фаъолони деҳа ва кормандони тиббӣ садо дод.

 

Гуруҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки дар ноҳия гашти хонагӣ ташкил намуда, аз вазъи оилаҳо бохабар шуда, корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

 

Дар баробари ин, Раиси комиссия вобаста ба  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави каронавирус (COVID-19)-ро ба саҳми иштирокдорони ҷаласа расонида, қайд намуданд, ки қарор «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои риоя накардани қоидаҳои санитарию гигигенӣ, паҳн намудани беморӣ ва истифодаи маълумотҳои бардурӯѓ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини гардидааст,  маълумот пешниҳод сохт. 

 

Дар охири ҷаласа раиси Ситод пешниҳоди аъзоёни Ситод ва иштирокчиёнро ба инобат гирифта, аз масъулин иҷрои саривақти дастуру супоришҳоро хоҳиш намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 




Омори сомона

1176594
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
523
500
2388
1170502
13172
25133
1176594