Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Дарвоз

 

vahdati milli 2021

 

Рӯзи 23.06.2021 тибқи Нақшаи чорабиниҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз конференсияи илмӣ бахшиба ба 24 умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва кормандони МИҲД, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораю муассисаҳо ва раиси ҷамотаҳои деҳоти Қалъаихум баргузор карда шуд.

Нахуст, кори конференсияро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон оғоз намуда, вобаста ба таҳкими сулҳу субот, тенҷию оромӣ ва Ваҳдати миллӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки ҳар яки мо имрӯз шукургузори аз  фазои соҳибистиқлолии Ватани азизамон намуда, ин дастоварди  арзишманди таърихиро бояд ҳифзу гиромӣ намоем.

 Инчунин, дар кори конференсия прокурори ноҳияи Дарвоз муҳтарам Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар–дар мавзӯи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ” ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИХД-и ноҳия Абдурозиқова Гулшан дар мавзӯи  Ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии миллӣ” баромад намуда, фикру мулоҳизаҳо ва андешаҳои хешро вобаста ба марӯзаҳо баён намуданд.

 Аз тарафи иштирокдорони конференсия вобаста ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии миллӣ табодули афкор сурат гирифт

 

 




Омори сомона

1176896
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
825
500
2690
1170502
13474
25133
1176896