Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ба ифтихори «Рӯзи Модар»

 

8 mart 2021     

      Модарону хоҳарони азиз!

 

Бонувони меҳрубон!

 

Ҳамаи Шуморо ба муносибати «Рӯзи Модар» аз самими қалб табрик ва муборакбод намуда, бароятон саломативу тансиҳатӣ, рӯзгори орому осоишта, хонадони пур аз файзу баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Давлат ва Ҳукумати кишвар, пешвои миллат нисбат ба модарону занон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба мақому манзалати хоса соҳиб гаштани онҳо мебошад. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, чунки офарандаи бахти аҳли башар файзбахши меҳру сафо Зан-модар аст.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ, беназир аст.

 

Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа мавқеи хоса дорад.

 

Мувофиқи  натиҷаҳои интихоботи соли 2020  ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   аз шумораи 34 нафар вакилон 11 нафар занон ба маҷлиси вакилони  халқи ноҳия ё 32,3 % ва маҷлиси вакилони  ҷамоатҳо аз шумораи  88 нафар вакилон  25 нафар занон  ё  31,8 %  вакилон интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи соли 2015  қариб   2 баробар   зиёд мебошанд.

 

Занону  бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос  ба хизмати давлати ва идоракунии давлат  торафт бештар ҷалб гардида истодааст.

 

Тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», инчунин чорабиниҳо дар самти фаро гирифтани духтарон ба таҳсилот натиҷаҳои самарабахш дода истодааст. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон зиёд шуда, ба 34 % расидаанд ва дар оянда нақша дорем, тамоми муассисаву идораҳоро 50% аз ҳисоби занон ба кор таъмин намоем.

 

Ба ҳолати якуми январи  соли 2021 аз шумораи  умумии  67 хизматчиёни давлатӣ  15 нафар  ё  22,3 %  занон ташкил медиҳанд.

 

Саҳми занон  дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат то рафт афзуда истодааст. Имруз дар соҳаи маорифи  кишвар 73% ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 % -ро  занону бонувон ташкил медиҳанд.

 

Аз шумораи умумии аҳолии ноҳия, ки 21878 нафар мебошанд, шумораи 10188 нафарро занон ташкил медиҳанд. Нақши занони ноҳияи мо низ дар ҷомеаи имрӯза   хело назаррас буда, дар соҳаи маориф 180 нафар, дар соҳаи тандурустӣ 133 нафар ва дар соҳаи фарҳанг 58 нафар кору фаъолият намуда истодааст, ки ин нишондиҳандаҳо барои иҷрои талаботҳои имрӯз, ва баргузории чорабиниҳо қаноаткунанда намебошад.

 

Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати дастгирӣ барои фаъолияти соҳибкории занон ба тасвиб расидааст.

 

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкори мамлакат ба маблаци  2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

 

Аз ҷумла баҳри дастгирии занони ноҳия аз соли 2015 инҷониб 11 нафар занон соҳиби гранти Президентӣ гардиданд, ки маблаци умумии он 170 000 сомониро ташкил медиҳад. Натиҷаи амалигардонии лоиҳаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки бонувони дарвозӣ дар самтҳои эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, парвариши чорво, занбӯри асалпарварӣ, сехи қаннодӣ, нақши арзанда доранд.

 

Бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат дар тамоми соҳаҳо баробари мардон талош менамоянд.

 

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  моро водор месозанд, ки маърифати ҳуқуқии насли ояндаро дар ҳифзи оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон, риояи танзими анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маъракаҳо аз айёми мактабхонӣ баланд бардорем.

 

Баъзан миёни як гуруҳе аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад. Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт. Дар урфият мегӯянд, ки «Зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманд кадбонуи саришаткор баракати хонадон аст».

 

Бо ин мақсад  дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супориш дода шуд, ки   Кумитаи кор бо занон ва оила лоиҳаи  қарори Ҳукумати мамлакатро    дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии  нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

 

Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари маваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад.       

 

8 mart 2021

Модарону бонувони азиз!

 

Ҷаҳони муосир беш аз ҳама давраи дигар ҳассосу мураккаб гардида, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм ба як зуҳуроти ниҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал ёфтаанд.

 

Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз гаравидан ба гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд ва нагузоранд, ки фарзанди бо ҳазор ранҷу заҳмат парваридаи онҳо бадкирдору бадбахт шавад.

 

Зеро ба ҷуз модар каси дигар аз дили фарзанд огоҳ нест ва фарзанд низ модарро беҳтарин ва нахустин муаллими ҳаётии худ медонад.

 

Боварӣ дорам, ки Шумо минбаъд ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хос иҷро карда, барои боз ҳам баланд бардоштани нақшу мақоми бонувону духтарон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа, инчунин дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоред.

 

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори «Рӯзи Модар» сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракатро орзу менамоям.

 

Ҷашни модар ва истиқболи баҳори нозанин муборак, модарону хоҳарони гиромӣ!

 




Омори сомона

1176896
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
825
500
2690
1170502
13474
25133
1176896