Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории иҷлосияи панҷум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз

 

Ijlosiyi panjum 6 1

 

Иҷлосияи панҷум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз санаи 15-уми феврали соли 2021 бо даъвати 34 нафар вакилони халқии ноҳия  дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир гардид.

 

Дар кори иҷлосияи панҷум (даъвати шашум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия,  мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, раисони МХҶ  ва эмомхатиби масҷиди ҷомеъ иштирок доштанд.

 

Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ифтитоҳ намудаанд.

 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи раиси ноҳияи Дарвоз «Дар бораи иҷрои барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ, истифода ва идораи иншоотҳои моликияти коммуналии ноҳияи Дарвоз дар соли 2020» шунида шуда, оид ба ҷамъбасти соҳаҳо маълумот доданд.

 

Ijlosiyi panjum 6 2

Дар баробари ин, вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия аз тарафи вакилони мардумӣ, аз ҷумла вакил аз ҳавзаи интихоботии Тоғмай, №24 Бердиев Маҳмуд, вакил аз ҳавзаи интихоботии Жак, №3 Авғонов Саъдӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Ширг, №14 Расоев Абдусаттор фикру мулоҳизаҳо сурат гирифтанд.

 

Ҳамзамон, дар кори иҷлосия ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии Чорбоғ, №10 Исломова Зарина «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ» шунида шуд.  

 

Сипас, аз  ҷониби мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Суҳроб лоиҳаи қарорҳо оиди «Пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ЛаҳмаковаҶаҳонгул аз ҳавзаи интихоботии Сангевн, №4"» «Дар таъину ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия» ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки дар байни иҷлосияҳои чорум ва панҷуми Маҷлиси вакилони халқии ноҳия қабул шудаанд, хонда шуд.

 

Дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз Иматшозода  Анвар- муовини раиси вилоят ба сухан баромада, оид ба бурду бохти ноҳия дар соли 2020 андешаронӣ намуданд.

 

Кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз бо садо додани Суруди миллӣ бо тариқи зинда ба анҷом расид.

 

 




Омори сомона

1177636
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
375
1190
3430
1170502
14214
25133
1177636