Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷамъбасти соҳаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ барои нимсолаи соли 2020 дар ноҳияи Дарвоз

 

maj iqtisodi ijtimo

 Рӯзи 13-уми октябри соли 2020 таҳти раёсати раиси ноҳия Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодитёту иҷтимоёти ноҳия дар 9 моҳаи соли 2020 баргузор карда шуд.

   Дар машварати васеи назди раиси ноҳия муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Иматшозода Анвар кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ ва эмомхатиби масҷиди ҷомеъ иштирок доштанд.

 maj iqtisodi ijtimo 2

Муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз- Давлатзод Ҳаким баромад намуда қайд намуданд, ки фаъолияти кори идораю муассисаҳо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2020 қаноаткунанда мебошад ва оиди ҷамбасти соҳаҳо маълумот доданд.  

 Ҳамзамон, Иматшозода  Анвар – муовини раиси вилоят ба сухан баромада, қайд намуданд, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомода, дар  нуҳмоҳаи  соли 2020 дар ноҳия, як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз  ҷумла оиди вазъи зимистонгузаронӣ изҳори нигаронӣ намуданд.

 Сипас, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон баҳри бартарф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони идораю муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои беҳтар гардидани кор дар ҳама соҳаҳо маслиҳату дастурҳои муфид доданд.

 

 




Омори сомона

1177611
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
350
1190
3405
1170502
14189
25133
1177611