Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлили ҷашни «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи касбии омӯзгорон» дар ноҳияи Дарвоз

 

Ruzi Omuzgor 2

 

Санаи 05.10.2020 бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгор» дар толори шуъбаи маорифи нҳияи Дарвоз бо иштироки кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд.

 

Саравал, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва ҳамаи омӯзгорони ноҳияро ба муносибати санаҳои таърихӣ аз ҷумла «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи касбии омӯзгорон» табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки забон дар ҳамаи давру замон нишонаи пойдориву устувории ҳар халқу миллат маҳсуб ёфта, дар раванди таърихӣ бо забони ноби тоҷикӣ садҳо шоирону нависандагон асарҳо эъҷод намуданд. Инчунин, таъкид намуданд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода насли наврас ба хусус ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, пос доштани арзишҳои неки ниёгон таълиму тарбия намуда, онҳоро ба омӯзиши осори ниёгон ва ҳарчи бештар аз худ намудани забонҳои хориҷӣ русӣ ва англисӣ тарбия намоянд.

 

Дар баробари ин пракурори ноҳияи Дарвоз, муҳтарам Ҳақназарзода Бахтиёр Ҳақназар ба сухан баромада иброз намуд, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат дар мадди аввал қарор гирифта, маблағгузорӣ ба ин соҳа сол аз сол зиёд гардида истодааст. Натиҷаи чунин имкониятҳо нишон медиҳад, ки сатҳу сифати таълиму тарбия имрӯз миёни хонандагон хубтару беҳтар гардидааст.

 

Дар чорабинии мазкур ба як қатор омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи маориф барои хизматҳои арзанда ва таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорнома ва туҳфи раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

 

Дар охири аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи касбии омӯзгорон» шеърҳо қироат карда шуд.

 




Омори сомона

1176863
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
792
500
2657
1170502
13441
25133
1176863