Санаи 03.02.2026 тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии бошукӯҳи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи модар” бо иштироки муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси Суди ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораю муассисаҳо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва доираи васеъи занону бонувони фаъол дар як сатҳи баланд баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон ба сухан баромада, кулли модарону бонувони ноҳияро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрик гуфта, саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори хушу босаодат, файзу баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.
Зикр карда шуд, ки ҳамасола дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани "Рӯзи модар" нишонаи эътибору эҳтироми беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону занон мебошад. Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд, чунки офаридаи аҳли башар, файзбахши меҳру сафои зиндагӣ, маҳз Зан-Модар аст.
Таъкид карда шуд, ки дар шароити вусъат пайдо намудани таҳдиду хатарҳо, аз қабили терроризуму экстромизм ва ифротгароӣ, ки ба як падидаи ташвишовари рӯз табдил ёфтааст, модарони азиз метавонан, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати баланди модаронаи худ наврасону ҷавононро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир эмин доранд ва нагузоранд, ки фарзандони бо ҳазор ранҷу заҳмат парвардаи онҳо бадкирдору бадбахт шаванд.
Ҳамзамон, аз тарафи раиси ноҳия як қатор занону бонувон барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар рушду нумӯи ноҳия ва тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ қарда шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ва намоиши либоси миллӣ бо иштироки хонандагони Гимназияи №1 таҳия гардида буд, пешкаши ҳозирин карда шуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуданд.