Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маросими савгандёдкунии наваскарон дар ноҳияи Дарвоз

savga n
Рӯзи 6- ноябри соли 2024 дар қисми низомии 0409-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Дарвоз маросими савгандёдкунии наваскарон бо иштироки раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва падару модарони наваскарон баргузор гардид. Қабл аз оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон суханронӣ намуда, кулли ҳозирин, афсарону сарбозон ва наваскаронро ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул намудани савганди садоқату вафодорӣ аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, орзӯи тансиҳатӣ, тавонмандии афсарону сарбозонро намуда, дар ҷодаи касби душвор, аммо пуршараф ба онҳо муваффақият таманно намуданд. Зикр карда шуд, ки барои ҳар як ҷавонмарди бо ору номуси Ватан хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мояи ифтихору сарфарозист.
Инчунин таъкид карда шуд, ки баъди ҳазорсолаҳо миллати тоҷик тавонист, Истиқолияти давлатии хешро ба даст оварад, аммо мутаасифона гуруҳҳои гуногуни иртиҷоӣ таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ дар кишвар пайдо гардиданд, ки ба қадри ин дастовардҳои арзишманд нарасида, орзую ормони ҳамватанони хешро нодида гирифта, ба хатогии таърихӣ роҳ дода, дар натиҷа кишвари азизамон- Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расониданд. Ҳар яки мо имрӯз вазифадорем, ки ба қадри ин ҳама сулҳу субот, тенҷиву оромӣ ва осоиштагии Ватани азизамон Тоҷикистон расида, бо садоқату вафодорӣ ба ин марзу буми аҷдодӣ содиқонаву софдилона хизмат намуда, ба назди падару модари хеш баргардед.
Сипас раиси ноҳия бо падару модарони наваскароне, ки аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои маросими қабули савганди ҳарбӣ ба ноҳия ташриф оварданд, суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, ба падару модари онҳо барои дар руҳияи ватандустӣ тарбия намудани фарзандони худ изҳори сипос намуданд. Таъкид карда шуд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизматию маишии сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хубтару беҳтар гардидааст.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ҳар як наваскар савганди ҳарбӣ қабул намуда, изҳори назар намуданд, ки то охирин нафас баҳри Ватан-Модар содиқона хизмат менамоянд.
Баъдан, кормандони бахши фарҳанги ноҳия барои сарбозон барномаи ҷолиби фарҳангиро пешкаш намуданд.
Дар охир ба сарбозону афсарон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дастархони идона ороста шуд.

 




Омори сомона

1345276
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
180
221
1194
1339664
17065
18171
1345276