Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Паёми табрикии раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Nosirzoda U SҲамдиёрони азиз! Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик саҳифаи нави давлатдориро боз намуда, барои рушду инкишоф ва таҳкиму тақвият бахшидани низоми идоракунии давлатӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам овард. Дар сарнавишти миллати тоҷик ва инкишофи роҳи минъбадаи   давлатдории кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябр ҳамчун моҳи пур аз санаҳои таърихӣ ва тақдирсоз сабт гардидааст. Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки барои рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи давлатдории миллӣ заминаи мусоид гузошт, қабули Констутсия мебошад, ки имсол 30-юмин солгарди он бо шукўҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми ҳамдиёрони азизро ба  муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастархони пур аз файзу баракатро таманно дорам. Дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки ин нишонаи хиради воло ва ғамхориву инсондӯстии Сарвари давлатро нишон медињад. Агар ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, хуб дарк менамоем, ки он дар кадом ҳолат ва шароит қабул гардидааст. Бо вуҷуди ҳамаи мушкиливу монеаҳои ҷойдошта аз ҷониби бевоситаи Пешвои асилу хирадманду дурандеши миллат Комиссияи салоҳиятнок дар ҳайати коршиносони варзидаи сатҳи байналмилалӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар таърихи навини кишвар нахустин маротиба   Кониститутсия аз тарафи бевоситаи шаҳрвандони мамлакат ба таври райъпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо ҳамовозӣ ва якдилона қабул карда шуд, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар солҳои аввали роҳбарӣ чунин гуфта буд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ  ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардид». Қабул гардидани Конститутсия яке аз дастовардҳои муҳими сиёсию таърихӣ маҳсуб ёфта, тавассути он Тоҷикистон бори дигар дар арсаи байналминалӣ ҳамчун давлати демократӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф ва пазируфта шуд. Ин Қонуни асосии кишвар пояҳои асосии давлатдорӣ, аз ҷумла соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро умри дубора бахшида, барои миллати тоҷик эҳёи дубораи давлатдории миллиро боз намуд. Пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, эътиқоди динӣ дар дар он баробар эътироф гардиданд. Талаботҳо ва меъёрҳои Конситутсия имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт баръало эҳсос мегарданд. Махсусан, бо қабул гардидани Конститутсия шароити рӯзгори мардум сифатан баланд шуда, онҳо ҷиҳати эҳёи суннатҳои волои ниёгон, аз ҷумла озодона амалисозии эътиқодҳои динию мазҳабии худ шароити мусоид фароҳам сохта, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бемайлон пайдо намуданд.   Мавриди зикр аст, ки дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳасос ва душвори сиёсӣ, ноил шудан ба чунин дастоварди муҳими таърихӣ, қабул намудани    Кониститутсия кори саҳлу осон набуд ва аз ҳар як нафар иродаи қавӣ доштанро талаб менамуд. Барои миллати мо  ин як воқеаи   фаромӯшнашаванда буда, дар саҳифаи таърихи давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст. Дар замоне, ки авзои ҷаҳонӣ номӯътадил ва пешгӯинашаванда аст, ҳар яки мо бояд, ин дастоварди пурарзиши таърихиро чун гавҳараки чашм ҳифзу гиромӣ дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи онро бечуну чаро иҷро намоем. Ҳамагон медонем, ки бо пешрафти давлату ҷомеа, инкишофи низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд, ки бар асоси он Конститутсияи кишвар такмил ёфт. Таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститусия таъмини устувории раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Маҳз, Конститутсия барои расидан ба Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот замина гузошта, ҳаёти сиёсии ҷомеа ба маҷрои осоишта равона гардида, қонунияту тартибот барқарор шуда, дар тамоми соҳаҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам сохта шуда, Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба инкишоф табдил ёфта истодааст. Имрӯз дар баробари дигар давлатҳои пешрафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва марказҳои бузурги илмию тадқиқотӣ Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф карда шудааст. Аз ҷониби МИҲД-и ноҳияи Дарвоз бахшида ба ин санаи муҳиму тақдирсоз ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” нақшаи чорабиниҳо таҳия ва ба тасвиб расида, корҳои муайяне ба сомон дода шудааст. Дар ин давра аз ҷониби гуруҳҳои корӣ дар деҳот, идораю муассисаҳо ва муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва нишасту конференсияҳо дар сатҳи зарурӣ доир карда шуданд. Дар доираи таҷлили сазовор аз ин санаи муҳими таърихӣ дирӯз дар деҳаи Жаки Ҷамоати деҳоти Нулванд бунгоҳи тиббӣ ва майдончаи варзишӣ, ки бо дастгирии соҳибкорони муваффақи диёр аз таъмири пурра бароварда шуданд, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Инчунин, дар ин росто роҳи маҳаллии деҳаи Пунишор бетонпӯш ва асфалтпӯш гардида, кӯчаҳои он чароғон карда шуданд, ки ҳамаи он гувоҳи аз он медиҳад, ки сокинони ноҳияи Дарвоз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишварро хуб дарк намуда, дастгирӣ карда, баҳри ободонӣ ва пешрафт ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд. Бунёди давлати соҳибихтиёр ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонуният, пеш аз ҳама меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи давлатро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун шарти муҳимтарини эъмори пойдории ҷомеаи навини кишвар ба шумор меравад. Дар ҳақиқат Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррифкунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад. Мо дар арсаи байналмилалӣ бо ин санади бахту саодати худ, бо ин пояи устувори давлатдори худ, яъне бо Конститутсияи мукаммал ва пешрафтаи худ ифтихор менамоем. Бори дигар 30-юмин солагарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сидқан табрику муборакбод намуда, ба якояки Шумо тансиҳатию табъи болида, зиндагии осуда ва барори корро таманно дорам. Ҷашн муборак, ҳамдиёрони иззатманд!




Омори сомона

1329296
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
289
372
825
1323310
1085
18171
1329296