Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз

konstitutsy 2024
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии бошукӯҳи сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораю муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо садо додани Саруди миллӣ баргузор карда шуд.
Раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон бо маърӯзаи пурмуҳтаво ҳамаи иштирокчиён ва кулли сокинони саодатманди ноҳияро ба муносибати 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, қайд намуданд, ки дар он солҳои сахту сангин дастёб шудан ба як ҳуҷҷати сарнавиштсоз- Конститутсия кори саҳлу осон набуд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо туфайли баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқл тарҳрезӣ шуда, заминаи меъёрию ҳуқуқии он фароҳам оварда шуд.
konstituts 2024
Инчунин, раиси ноҳия зикр намуданд, ки маҳз бо туфайли хизматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист, ки бахтномаи миллати хешрро қабул намуда, дар кишвар сохти конститутсионии таъмин гардида, соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими давлатдорӣ бо субот пеш раванд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия бо истифода аз фурсати муносиб кули кормандони милитсияро ба муносибати иди касби Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола 10-уми ноябр таҷлил карда мешавад, табрику шодбош намуда, қайд намуданд, ки имсол ҷашни Рӯзи миллитсияи тоҷик ба санаи басо таърихӣ ва тақдирсоз 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.
Сипас, аз тарафи раиси ноҳияи Дарвоз ба як қатор кормандон барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, саҳми назаррас гузоштаанд бо Ифтихорнома кадрдонӣ карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки хонандагони муассисаи таълимии №10-и деҳаи Ҷарф барномаи фарҳангоро пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ намуданд.

 




Омори сомона

1329281
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
274
372
810
1323310
1070
18171
1329281