29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба таври муосир сохта шуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
Иншооти таълимӣ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, барои таҳсили зиёда аз 1 ҳазору 100 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, 14 синфхонаи барҳавои таълимӣ, кабинети лингафонӣ бо 32 ҷойи нишаст, маркази қабули имтиҳонҳо барои 120 нафар, толори фарҳангӣ бо 700 ҷой, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Толори фарҳангӣ бо имконоти васеи баргузорсозии чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангӣ – фароғатӣ, гӯшаи табиати Тоҷикистон, осорхона бо фарогирии 3 давраи таърихӣ, аз ҷумла таърихи қадимаи тоҷикон, даврони қабл аз соҳибистиқлолӣ, замони Истиқлоли давлатӣ ва таърихи фаъолияти донишгоҳи мазкур дар ошёнаи якум ҷойгир шудааст.
Синфхонаҳои таълимии барҳаво, ки дорои шароити хуби донишомӯзӣ мебошанд, дар ошёнаҳои болоии бино ҷойгир аст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ, забон ва адабиёти рус – забони англисӣ ва забони муосири рус – тарҷумон дар сатҳи баланди касбӣ омода карда мешаванд, зеро ҳадафи аслии таъсиси ин бинои таълимӣ амалишавии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ барои давраи то соли 2030” ба шумор меравад.
Лозим ба таъкид аст, ки раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Дастовардҳои донишгоҳ дар самти ҳамкории байналмилалӣ назаррас буда, соли равон 89 ихтисоси донишгоҳ аз акредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаи махсус гардид.
Ин муассисаи таҳсилоти олӣ ҳоло бо беш аз 120 муассисаи хориҷи кишвар дар самти илму маориф, аз ҷумла табодули академии омӯзгорону донишҷӯён ҳамкориро дар сатҳи баланд ба роҳ мондааст.
Ҳоло донишгоҳ дорои 11 бинои таълимӣ, 6 хобгоҳ барои омӯзгорону донишҷӯён, 14 факултет, 63 кафедра ва 89 ихтисос мебошад, ки 73-тои он ихтисоси омӯзгорӣ аст.
Дар донишгоҳ дар умум 18 ҳазор донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои муқарраршуда таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин донишҷӯёни хориҷӣ аз 16 кишвари ҷаҳон таҳсили илм мекунанд, ки аз обурӯю нуфузи баланди он дар минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.
Теъдоди донишҷӯёни тариқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда 1 ҳазору 600 нафарро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 936 нафар духтарон мебошанд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии донишҷӯён дар риштаи биология ва география аз тарафи раёсати донишгоҳ соли 2023 дар боғи «Агробиолабараторӣ» бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба пайвасти илм бо истеҳсолот дар Парки технологии назди донишгоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ошхона, роҳаткурсиҳо барои толорҳои маҷлисӣ, минбарҳо, ҷевон барои китоб, рахти хоб ва нашри шиору овезаҳо ба роҳ монда шудааст.
Ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳи мазкур ва мавриди истифода қарор гирифтани боз як бинои муосири таълимӣ барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат рӯйдоди муҳиму фараҳбахш ва таърихӣ мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имконоти фароҳамшуда дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дар сатҳи баланди касбӣ тайёр намудани мутахассисони риштаи омӯзгориву забондониро рисолати касбӣ ва масъулияти аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ояндаи дурахшони ҳар давлату миллат ба рушди бемайлони низоми маорифи он ва дар ин замина тарбияи кадрҳои хуб алоқамандии зич дорад.
https://prezident.tj/event/news/48474