Вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону сокинони ноҳияи Дарвоз
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Дарин Ҷаҳонафрӯз ва Икромӣ Фазлиддин бо кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун баргузор карда шуд.
Нахуст, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Носирзода Умедҷон Саидҷон меҳмони олиқадрро ба ноҳия хайру мақдам намуданд.
Баъдан, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар беҳтар гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар ба маротиб боло рафтааст.
Ҳамзамон, дар бораи дури ҷстан аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва доир ба вазъияти зудтағирёбандаи ҷаҳон суҳбати самими анҷом доданд.
Дар фарҷоми вохурӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳо сурат гирифт.