Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз

harakati vahdati m
Имрӯз тибқи Нақшаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Конференсияи Шӯро таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон Конференсия баргузор карда шуд.
Дар кори Конференсия муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-директори Инистути илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Ҳоким Каландариён, Алихониён Қаландар- сардори Раёсати адляи ВМКБ, иштирок намуданд.
Инчунин, дар Конференсия аъзоёни Шӯро, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, ва эмомхатиби масҷиди ҷомеъ ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок дошанд.
Ба баррасии ҷаласаи Шӯро масъалаҳои зерин пешниҳод гардида буд:
1. «Паёми Пешвои миллат-дастур ва раҳанамои асосии фаъолияти тамоми соҳаҳо»
2. Ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифагузориҳо барои соли 2024
3. Тасдиқи Нақшаи фаъолияти Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2024
4. Дар бораи таѓирот ворид намудани таѓирот дар ҳайати Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
5. Таъсис ва тасдиқи Комиссияҳои кории Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
harakati vahdati mili
Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнаомаи ҷаласа раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон баромад намуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Қосимӣ Диловар Абдулқодир маърӯза карданд.
Ҳамзамон, дар бораи масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Сафаров Меҳрубоншо Идибекович-котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ба сухан баромаданд.
Вобаста ба масъалаҳои дар рӯзномаи Шӯро баррасигардида раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон Саидҷон андешаронӣ намуда, ба аъзоёни Шӯро ҷиҳати сари вақт ба иҷро расонидани Нақшаи чорабиниҳо, инчунин гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдори Шӯро қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, дар кори Шӯро муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ -директори Инистути илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ Ҳоким Каландариён ва сардори Раёсати адляи ВМКБ Алихониён Қаландар суханронӣ намуда, аз фаъолияти Шӯро дар соли 2023 изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 




Омори сомона

1183509
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
383
445
3498
1174206
1221
18866
1183509