Имрӯз дар толори шуъбаи маорифи ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, ки дар кори он аъзои Шӯро ва бо даъват муовини раиси ноҳия Қосимӣ Диловар Абдулқодир, инчунин бо назардошти муҳимияти масъалаи зикршуда, кормандони дастгоҳи раис, мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маориф, сардорони идораю муассисаҳо ва соҳибкорону андозсупорандагон иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия -прокурори ноҳияи Дарвоз, мушовири адлияи дараҷаи 1 Каримов Суҳроб Маҳмадюсупович маҷлисро кушода, қайд намуд, ки тибқи банди 1 нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия барои соли 2024 натиҷаи санҷиши риоя ва иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин соҳа амалкунанда дар нозироти андози ноҳия дар соли 2023 мавриди барасӣ қарор дода шуд.
Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа иҷрои пардохтҳои андозӣ дар соли 2023 сардори Нозироти андози ноҳия Беков Ҳайдар маълумот доданд.
Ҳамзамон, муовини раиси ноҳия Қосимӣ Диловар вобаста ба пардохти саривақтии андозҳо баромад намуда, зикр намуданд, ки андоз дар ҳама давру замон сарчашмаи асосии буҷети мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону шахсони инфиродӣ як қатор имтиёзҳо ҷиҳати пешбурди фаъолият фароҳам овардааст.
Дар баробари ин, раиси Шӯро-прокурори ноҳия Каримов С.М оид ба натиҷаи санҷиш, риоя ва иҷрои талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин соҳа амалкунанда дар нозироти андози ноҳия дар соли 2023 баромад намуданд.
Дар охир прокурори ноҳияи Дарвоз, Каримов С.М масъаларо ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаи баррасигашта, ба масъулин бо мақсади бартараф намудани камбудиву норасогиҳои ҷойдошта ва андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз рӯи масъалаи зикршуда, қарорҳои дахлдори Шӯро қабул карда шуданд.