Санаи 25-уми ноябри соли 2021 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони идораю муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, директорони муассисаҳои калонтарини таълимӣ, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, раисони МХҶ ва эмомхатибони масҷидҳои ҷомеъи баргузор карда шуд.
Маҷлисро раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки барои миллати тоҷик моҳи ноябр моҳи басо хотирмон ба шумор меравад, зеро дар он санаҳои муҳими давлатдориямон таҷлил карда мешаванд.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Ҳисоботи мудири бахши кишоварзӣ Додов Нурмуҳаммад оид ба ҷамъбасти ҷараёни ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ноҳия шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома Сардори шуъбаи КДАМ-и ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз Мирзозода Далер доир ба вазъи геопалитикии имрӯзаи ҷаҳон ва Афғонистон маълумот доданд.
Дар охири маҷлис раиси ноҳияи Дарвоз ҳамаи сардорони идораю муассисаҳои дахлдор ва фаъолони ноҳияро ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват намуданд.