Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

 

Abdurahmonzoda S S

Ҳозирини азиз!

 

Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳманди таърихӣ, ҳамаи Шумо ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳамасола санаи 24 ноябр бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад ва дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, табрику муборакбод намуда, тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда, сарбаландию сарфарозӣ, эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва хушҳолии кули мардуми Тоҷикистонро таманно менамоям.

 

Парчами миллати мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумотҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ қавми ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ ойини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштаанд.

 

Аз замонҳои қадим парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта шуда, дар он ношонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангӣ ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ таҷассум ёфтааст.

 

Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати истиқлолияти сиёсӣ соҳиби парчами миллӣ- рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояш таъкид намуданд: «Парчами имрӯза яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

 

Ҳамдиёрони азиз!

 

Эҳтирому арҷгузоштан ба Парчам эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро парчам дар баробари дигар муқаддасот: Нишон ва Суруди миллӣ    нишонаи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад. Парчами Тоҷикистон  низ рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат, симои воқеӣ ва таърихиро инъикос мекунад. Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз тасвир шудааст, ки талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Парчам яке аз рукни асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, арҷгузоштан ба  он вазифаи муқкддаси ҳар шаҳрванд мебошад. Ҳар ранги он маънии худро дорад. Мазмуни рангҳои Парчам аз китоби муқаддаси «Авесто» сарчашма мегирад.

 

Дӯстони азиз!

 

Ногуфта намонад, ки 30 августи соли 2011 бо иқдому ташаббусҳои некбинона ба ин муқаддасоти олии давлатдорӣ бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи баландии 165-метр, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, насб гардида, ба китоби «Гиннес» дохил шуд, ки он ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳию хештаншиносии ҳамватанони моро, махсусан ҷавононро боз ҳам бештар мегардонад. Боиси хушбахтӣ аст, ки дар ноҳияи Дарвоз низ зимни сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 боғи Парчамидавлатӣ бунёд ёфта, пояи Парчам бо баландии 35- метр ифтитоҳ гардид. Акнун зери ин ливои парафшон ҳамарӯза садҳо нафар кӯдакону наврасон, ҷавонону сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ боздид ба амал меоранд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст.

 

Парчами давлатии мо тавонист миллати тоҷикро дар атрофи худ муттаҳид созад ва дар таҳкиму тақвият бахшидани сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозаид. Парчам дар ниҳоди ҳар як фарзанди ба ору номуси ватан эҳсоси ватанпарастию худшиносӣ ва ифтихору ғурури миллиро бедор менамояд, зеро дар он руҳи ниёгони некном, далерию матонат ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди мо инъикос ёфтааст.

 

Воқеан, парчам ифодакунандаи таъриху фарҳанг ва расму оийни давлатдории деринаи миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.

 

Парфишон гардидани парчами давлати мо дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби варзишгарону ҷавонон боиси ифтихору сарфарозӣ ҳар як сокини кишвар аст.

 

Эътимоди комил дорам, ки дар оянда низ сокинони ноҳияи Дарвоз чун тамоми халқи Тоҷикистони азизамон дар зери парчами парафшони тоҷик бо меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи хеш барои ободу гул гулшукуфон намудани сарзамини аҷдодиамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

 

Бо ин ҳама орзую ниятҳои нек бори дигар «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро табрику таҳният гуфта, тандурустиву саодатмандӣ, орзуи саломатӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракатро хоҳонам.

 

Ҷашни Парчами миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

 




Омори сомона

1173776
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
207
386
3274
1167948
10354
25133
1173776