Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи китобхона дар деҳаи Паткуноб

 

kitobkhona

Рӯзи 09.10.2021 китобхонаи деҳаи Паткуноб ба номи Абдулқоди Қосимов ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон ширкат ва суханронӣ намуданд.

 

Китобхонаи мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Қосимовҳо бунёд гардидааст. Алҳол китобхонаи мазкур дорои зиёда аз 4225 китоб, як адад компиютер, як адад ноутбук, 2700 китобҳои электронӣ буда, ғунҷоиши китобхона метавонад, то 6000 китобро дар бар гирад. Ҳамзамон, дар ифтитоҳи он меҳмонон аз шаҳри Душанбе ва дигар зерсохторҳои МИҲД ноҳияи Даров низ ширкат варзиданд.

 




Омори сомона

1173597
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
28
386
3095
1167948
10175
25133
1173597