Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти узви Маҷлисимиллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшида ба таҷлили «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи касбии омӯзгорон»

 

Abdurahmonzoda S S

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Омӯзгорони муҳтарам!

 

Имсол таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон мебошад ва таҷлили Рӯзи касбии омӯзгорон, ки дар ниҳоди мо беҳтарин хислатҳои хайрхоҳиву накӯкорӣ, садоқату вафодориро парвариш медиҳад,   ба яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. 

 

Бо шукургузорӣ ва ифтихору сарбаландӣ ҳамаи Шумо омӯзгорон ва ҳозиринро ба муносибати  «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи касбии омӯзгорон» сидқан табрику таҳният гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ,  файзу баракат, рӯзгори ободу осударо таманно дорам.

 

Дар байни маросиму ҷашнҳо ва идҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол «Иди забон» ва «Рӯзи омӯзгор» мавқеи муҳим доранд.  Истиқлолияти давлатӣ бори  дигар барои рушд ва инкишофи забон, фарҳанг ва адабиёт заминаи мусоидро фароҳам овард.

 

Ҳадафи мо аз ин ҷашн, аз як тараф гиромӣ доштани забони нобу шоиронаи модариамон ва аз ҷониби дигар, мусоидат ба тавсияаи доираи истифодаи он ва татбиқи муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад, зеро рушду инкишофи забони давлатӣ, қабл аз ҳама, аз амалӣ гардидани талаботи қонуни зикршуда вобаста аст.

 

Забони тоҷикӣ баёнгари тамоми арзишҳои бузурги маънавии халқамон буда, тамаддун ва фарҳангӣ куҳанбунёд, ки мо ба онҳо ифтихор мекунем, то ба имрӯз маҳз ба воситаи забони ноби модариамон ҳифз гардидааст.

 

Худшиносии миллӣ аз донистани забони адабӣ оғоз мегардад, барои ҳамин дақиқ омӯхтани забон бояд аз хонавода шуруъ шавад, баъдан дар муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ, донишгоҳҳо ва корхонаҳо вусъат ёбад.

 

Омӯзгорони забону адабиёти тоҷик, падару модарон ва аҳли зиё вазифадоранд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, махсусан ба сайқал додани фарҳанги муоширати наврасону ҷавонон, мусоидат карда, ба риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ ва одоби сухангӯи ҳамчун яке аз рукунҳои муҳими раванди таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

 

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояи давлатдории милли пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯи тоза мебахшад.   

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муҳими тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ номидаанд.

 

Забони тоҷикӣ забонест, ки андеша, ҳуввият ва халқияти моро шакл додаст ва зеботарин ҷанбаҳояш ба хусусияти миллии мо табдил гаштааст. Забони тоҷикӣ унсури ваҳдатбахш, рамзи ягонагӣ ва ваҳдати миллии мост.

 

Дар баробари омӯхтани забони тоҷикӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама забони русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад.

 

Забони тоҷикӣ дар дунё аз ҳама ширинтарин ва шевотарин забон шинохта шуда, дар дили донишмандон макон ёфта, бархе аз соҳибонаш ба он асарҳои пурарзиш эҷод намудаанд.

 

Ҷашни забон, хусусан, барои аҳли маориф қадру манзалати зиёд дорад. Чунки устоду омӯзгор дар ҳама давру замонҳо нерӯи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар  аз ҳаргуна мушкилот,  ин масъулияти пуршарафи хешро сарбаландона иҷро менамоянд.

 

Истилоҳи «омӯзгор», «устод», «муаллим»- ромо дар гуфтори мардумӣ хеле зиёд дучор меоем, вале на ҳамеша бо бати нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва тарбияи афроди башар андеша мекунем. Агар ба моҳияту мазмуни ин мафҳумҳо таваҷҷуҳ кунем,   маълум мегардад, ки ӯ ба мо натанҳо донишу малака ва ҳунару маҳоратро меомӯзад, балки дар ниҳоди мо беҳтарин хислатҳо- хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ, садоқату вафодорӣ, хулоса тамоми сифатҳое, ки аз камолоти воқеии инсон башорат медиҳанд, парвариш медиҳад.

 

Аз таърихи гузаштаи халқамон бармеояд, ки осори оламшумули таърихию фарҳангӣ ва илмию адабии ниёгонамон маҳз дар натиҷаи азобу ранҷ ва заҳмати пайвастаи устод – омӯзгор офарида, ба азму талоши онон ба насли имрӯза дастрас ба амонат гузошта шудааст.

 

Дӯстони азиз!

 

Сиёсати соҳаи маориф, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимод қарор дорад, тавре оқилона таҳрезӣ шудааст, ки дар раванди татбиқи он ҷомеаи мо зина ба зина дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас беш аз пеш ноил мегардад. Зеро пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз аз ҳамин муҳарики асосӣ – илму маориф вобастагии қавӣ дорад ва меҳвари ин муҳаррик ҳамоно омӯзгор аст.

 

Ин аст, ки дар муддати 30 соли Истиқлолияти давлатӣ як қатор муассисаҳои таълимӣ бо тамоми шароитҳои муосир сохта ба истифода дода шудаанд. Махсусан, дар ин давом дар ноҳияи мо ҳам муассисаҳои таълимии замонавӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардоӣ қарор дода шудаанд.

 

Омӯзгорони арҷманд!

 

Дар ин рӯз ёдовар шудан аз омӯзгорони асил ва масъулиятшинос ба монанди; Ҳомидов Ҳабиб, Довутиев Шайх, Маҳмадзиёев Маҳмадкарим, Алимаҳмадов Абдураҳим, Усмонов Мазорӣ, Умедов Никрой, Муҳтоҷов Ҷура, Додарҷонов Балаҷон, Қосимов Абдулқодир, Атобеков Бачабек, Зарипова Саодат, Ҳоҷатов Давлатҷон, Мартабшоев Олимшо, Суфихонов Хоркаш, Худоиев Мусамир, Раупов Раҳмиддин, Ҷураев Бачаҷон, Лоиқов Муҳаммадҷон ва дигарон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани шогирдон номбардори диёр буданду ҳастанд, ба маврид аст.

 

Аз ин рӯ ҳар омӯзгорро зарур аст, ки ба монанди шахсони дар боло зикркардашуда масъулиятшинос, дӯстдори касби хеш ва фидоии ин меҳнату диёр бошанд ва дар таълиму тарбияи дурусти фарзандони ин диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Бори дигар ин ду ҷашни муқаддасу бузург ба ҳамаи Шумо муборак бошад.

 

Сарбаланду сарфароз бошед, омӯзгорони арҷманд!

 




Омори сомона

1175893
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
322
733
1687
1170502
12471
25133
1175893