Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Миннатдории МИҲД-и ноҳияи Дарвоз ба кулли сокинони ноҳия, ҷиҳати пазироии гарму самимонаи Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 minatdori 1

 

Бо ифтихору сарфарозӣ қайд намудан зарур аст, ки соли 2021 барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон соли басо хотирмони таърихӣ маҳсуб ёфта, дар таърихи навинамон давлатдорямон саҳифаи навинеро боз намуд. Маҳз дар ҳамин сол Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 – сола шуда, тантанаҳои ҷашнӣ дар сартосари Ватани азизамон бо як шӯкуҳу шаҳомати хосса ва ифтихор аз ватану ватандорӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои таърихӣ дар як сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудаанд.

 

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сокинони бо ору номуси ноҳияи Дарвози бостонӣ низ, бо заҳмату талошҳои пайвастаи худ, тавонистанд корҳои ободонию созандагиро дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сар карда, аз ҳар як хона, маҳалла, кӯчаю роҳрав корҳои ободонию созандагиро бо заҳмати аҳлонаи худ содиқона саҳми муносиби худро дар таҷлилу сазовору пуршукуҳ истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ зарае ҳам бошад гузоштаанд.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар ҳамкорӣ бо мардуми шарифи ноҳия ва мусоидати ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ашхоси саховатманд, соҳибкорон тавонистанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ садҳо адад иншоотҳоро бунёд ва таъмиру тармим намуда, ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани шароити шостаи ҳаёт фароҳам сохтаанд.

 

Зикр намудан зарур аст, ки омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ баргузор гардидани сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия шукуҳу шаҳомати хосса бахшида, руҳияи мардумро болида ва умедашонро ба ояндаи дурахшон ва зиндагии шоиста тавассути рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат боз ҳам тақвият бахшид. Кули сокинони саодатманди ноҳия бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу суббот сар карда аз хурд то бузург бо мақсади дар як сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва фарҳангӣ пешвоз гирифтани Пешвои миллатро бо як маҳбубияти хосса, чеҳраи саршор аз меҳруму ҳаббат, оғуши гарми самимона дар як сатҳи баланд истиқбол ва гусел намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки то ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланд, соҳибкорону шахсони саховатпешаи Дарвоз ва кормандони сохторҳои давлатӣ як қатор корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда тамоми қаламрави ноҳияро чун ҷашнгоҳ баҳри қабули Пешвои муаззами миллат ва дигар меҳмонони гиромӣ омода намуданд.

 

minatdori 2

Бо ҳамин мақсад бори дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани чорабинии пуршкӯҳи таърихӣ ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва ташрифи ба вуқӯъомадаи Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ба хурду бузург изҳори сипос ва миннатдории бепоёни хешро манзур менамоям. Бахусус заҳмату талошҳои пайвастаи соҳибкорону шахсони саховатпешаи диёр, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли кормандони фарҳанг, ва хонандагонеро, ки як барномаи хуби фарҳангиро пешкаши Пешвои миллат намуданд, баён менамоям.

 

Ин ва дигар дастовардҳои соли ҷашнӣ бори дигар собит сохтанд, ки мардуми сарбаланду саодатманди диёри Дарвоз ҳамеша сиёсати созандаю бунёдкорона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллати хешро пурра дастгирӣ намуда, омодаи боз ҳам ободу зебо ва пешрафта кардани диёри нозанини хеш ва зиндагии шоиста мебошанд.

 

Бори дигар раиси ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи баланд қабул ва гусел намудани Пешвои миллат, аз тарафи сардорони идораю муассисаҳо ва ҳар як сокини ноҳия миннатдории бепоёни хешро баён доштанд. Аз тарафи раиси ноҳия барои пазироии гарму самими ва баромадҳои пурмуҳтавои хеш дар назди Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ ба Сулаймонова Фотима, Буров Нурмаҳмад, Шаҳодати Саидҷамол ва омӯзгор Давлатов Давлатхон бо туҳфа ва маблағҳои пули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз қадрдонӣ карда шуданд.

 




Омори сомона

1176256
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
185
500
2050
1170502
12834
25133
1176256