Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузориидавридуюмиозмуниҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватаниазизиман» дар ноҳияиДарвоз

  oj vatani a m 2021

 Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП- 42Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 09.03.2021, №62 қарори раиси ноҳияи Дарвоз аз 15 марти  соли 2021, №128 тасдиқ гардида, дастраси сардорони идораю муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот шудааст.

 Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия давраи якуми озмуни мазкур дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот баргузор карда шуд, ки дар натиҷа ба даври дуюми ноҳиявии озмун 27 нафар довталабон имкони иштирок намуданро пайдо карданд.

 Даври дуюми  озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» санаи 01 июни соли 2021 дар толори бинои бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ,мактаби мусиқӣ ва ҳунармандони касбии ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ва иштироки бевоситаи сардорони идораю муассисаҳои, дар як сатҳи хело баланд,баргузор  карда шуд.

 Озмун дар асоси талаботи Низомнома ва номинатсияи муқараргардида гузаронида шуда, ҳайати ҳакамони озмун бо тасдиқи раиси вилоят, аз Раёсати фарҳанги вилоят дар ҳайати 5 нафар рафти баргузории озмуни мазкурро баҳогузорӣ ва ҷамбаст намуданд. 

 Довталабон маҳорату истеъдод, донишу малака, санъат ва ҳунари худро манзури ҳакамон ва иштирокчиён намуда, аз рӯйи наминатсияҳои интихобнамудаашон баромад намуданд.

 Ҳайати комиссияи озмун ба маҳорату истеъдоди довталабонро аз рӯйи низоми 10 бала ба довталабон баҳогузорӣ намуданд, ки дар ҷамъбаст 15 нафар довталабон роҳхат барои иштирок намудан ба даври вилояти озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» -ро пайдо карданд

 Аз рӯи номинатсияи навозандагӣ жанри анъанавӣ: Файзиддини Ҷафъар- сазовори ҷойи якум; Хонандагони мактаби мусиқии ноҳия- сазовори ҷойи дуюм; Гурӯҳи доиранавозони мактаби мусиқии ноҳия- сазовори ҷойи сеюм:

Номинатсияи навозанлагӣ жанро академӣ: Суруши Давлатсаид- сазовори ҷойи сеюм:

Номинатсияи сарояндагӣ жанри анъанавӣ; Нигораи Шукрулло- сазовори ҷойи якум; Гурӯҳи сарояндагони дуторнавозӣ мактаби мусиқии ноҳия- сазовори ҷойи дуюм;  Мансури Давлат- сазовори ҷойи сеюм:

 Номинатсияисарояндагӣ жанри эстрадӣ; Гурӯҳи сарояндагони мактаби мусиқӣ- сазовори ҷойи якум; Алинури Давлат -  сазовори ҷойи дуюм; Орифҷони Каримҷон-  сазовори ҷойи сеюм, инчунин дар миёни калонсолон бошад.

 Аз рӯиноминатсияи навозандагӣ жанри анъанавӣ: Бедимоғова Шаҳром- сазовори ҷойи якум;

 Номинатсияи навозандагӣ жанри академӣ: Маҳмадшарифзода Насимҷони Исмат- сазовори ҷойи якум;

 Номинатсияи сарояндагӣ жанри анъанавӣ: Амирҳамзаи Давлат- сазовори ҷойи  якум: Назаров Саидмурод сазовори ҷойи дуюм:

 Номинатсияи сарояндагӣ жанри эстрадӣ: Шамшоди Раҳматҷон-сазовори ҷойи якум гардида, бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва  мукофотпулии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

 




Омори сомона

1523212
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
211
852
7243
1504499
5692
30776
1523212