Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Дарвоз

 

kudakon

 1-уми июни соли 2021 дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи Дарвоз бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Дарвоз Мирзозода Зарина ва мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ Седшоев Хурам суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯз муборакбод намуд.

 Ҳамзамон, аз тарафи МИҲД-и ноҳяи Дарвоз ба якчанд кудаки маюб кумаки пулӣ ва аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Дарвоз ба 10 нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд ба таври ройгон тақдим карда шуд.

 Баъдан аз рӯи сенаряи омоданамудаи боғчаи бачагонаи «Парасту» кӯдакон қироати шеър, сурудхонӣ ва дигар саҳначаҳои ҷолибро пешкаши кӯдакон намуданд.

 




Омори сомона

1530399
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
393
639
6481
1515969
12879
30776
1530399