Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ВОХӮРӢ БО САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ САРҲАДИИ 0409 ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

 Vahdati milli vokhuri 2021         Имрӯз, 31-уми май бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Қисми ҳарбии 0409-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз дар мавзӯи "Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он" вохӯрии ҳайати гурӯҳи корӣ бо сарбозону афсарон  доир гардид.

Вохӯрии мазкур дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, сурат гирифта, дар кори он роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарифзода Манучеҳр,  ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ғафурзода Абдухалил, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Комилбек Амид, раиси ноҳияи Дарвоз - Абдураҳмонзода Саидбурҳон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Масъалаҳои асосие, ки дар вохӯрӣ бо афсарону сарбозон мавриди таҳлил қарор гирифтанд, аз ҳифзи сарҳади давлатӣ, зиракии сиёсӣ, таҳкими ваҳдат, сулҳу субот, амният, ҳимояи арзишҳои миллӣ, пешгирии таасубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати кишвар иборат буданд.

 Дар оғози вохӯрӣ раиси ноҳияи Дарвоз - Абдураҳмонзода Саидбурҳон баромад намуда, баргузории вохӯрии мазкур ва баррасии мавзӯи "Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он"-ро амри зарурӣ арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки ноҳияи Дарвоз чун минтақаи сарҳадӣ дар зери хавф ва хатарҳои амниятӣ қарор дошта, огоҳӣ ва зиракии афсарону сарбозон ва сокинони ноҳия дар самти пешгирии таҳдидҳои амниятиву фарҳангӣ шарти муҳим  ба ҳисоб меравад.

 

Vahdati milli vokhuri 2021

Дар идомаи вохӯрӣ роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Рудобаи Мукаррам ба сухан баромада,  моҳияти масъалаи баррасишавандаро ба ҳозирин шарҳ дод. Қайд гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоюл ва равандҳои замони муосир дар канор буда наметавонад ва дар радифи дигар кишварҳо ногузир ба таҳдиду хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Роҳбари ҳайати гурӯҳи корӣ дар суханронии худ зарурати таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ, боло бурдани маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш, рушди ҷаҳонбинии дунявӣ ва бо ҳамин васила ташаккул додани худшиносии миллиро дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа таъкид намуда, аз сарбозону афсарон ва муҳофизони марзу буми кишвар даъват ба амал овард, ки дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ дода, бо таҳдиду хатарҳо муборизаи беамон баранд.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Ғафурзода Абдухалил баромад карда, нақш ва заҳмату талошҳои ҳомиёни Ватан, хосса муҳофизони марзи давлатиро дар таъмини оромӣ, субот, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки сарҳадбонони тоҷик то имрӯз бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ марзу буми кишварро аз душманон муҳофизат намуда, дар таъмини суботи саросарӣ саҳм гузошта истодаанд.

Vahdati milli vokhuri 2021

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ба 5 нафар ятими кулл кӯмаки яквақта, аз қабили сару либос ва пойафзол, ба қисми сарҳадии 0409 ба миқдори 1 тонна маводи сӯзишворӣ, хӯроки нисфирӯзӣ барои 300 нафар сарбозону афсарон ва ба миқдори зарурӣ маводҳои гигенӣ – шустушӯӣ кумак расонида шуда, барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.

 

 




Омори сомона

1525624
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
674
632
1706
1515969
8104
30776
1525624