Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Табрикоти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон бахшида ба ҷашни байналмилалии «Наврӯз»

 Abdurahmonzoda S S

 

Ҳамдиёрониазиз!

 Боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ ҷашни куҳани аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз эҳё гардида, ба худ мазмуну моҳияти нав ба нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин ва дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллӣ табдил ёфтааст.

 Орзумандам, ки ин ҷашни байналмилалӣ бар сарзамини хуршедии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишоту сарсабзӣ, осоишу ободӣ, нерӯи созандаву офаранда ва баракату фаровонӣ ҳадя оварад.

 Имсол мардуми шарафманди Дарвоз чун дигар минтақаҳои кишвар ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо як дили гарм, дар руҳияи бунёдкорию созандагӣ ва омодагиҳои ҳамаҷониба ба пешвози сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд менамоянд.  

 Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дагар таъкид намуданд, ки «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихӣ беш аз 6000- сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст».

 Бо ифтихор бояд зикр намуд, ки маҳз бо ташаббуси Тоҷикистон ва Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ЮНЕСКО ба феҳристи мероси гаронбаҳои фарҳангии ҷаҳонӣ шомил гардида, соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид ин неъмати маънавии миллати моро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.

 Наврӯз ҳамчун ҷашни фарруху хусравонӣ дар сарзамини аҷдодии мо арзи ҳастӣ намуда, решаҳои он аз усурҳои ориёӣ сарчашма мегиранд. Ниёгони мо ҳанӯз аз замонҳои бисёр қадим рӯзи авали солшумории шамсиро рӯзи нахустини баҳор – бедоршавии табиат, олами наботот, оғози кишту кор ва такмилу танзими олам медонистанд. Ин ҷашн аз давраҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, аёми покиву сафо, муҳаббату дустӣ ва бахшиши самимият таҷлил мегардад. Маҳз бо ҳамин сабаб дар тӯли таърих этиқоди одамон ба Наврӯз, ки яке аз ифтихори миллӣ мебошад, беш аз пеш афзудааст.

 Тибқи маълумотҳои муаррихон Наврӯз ба унвони ҷашни шодию нишот ва пирӯзии равшанӣ бар зулмот, гармӣ ба сардӣ ҳанӯз аз замони Куруш ба сифати ҷашни миллии қавмҳои ориёӣ эълон гардидааст.  

 Имрӯз мо бо ифтихору шодмони эълон медорем, ки Наврӯзи даврони Истиқлол паёмовару оғозгари рӯзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост. Муҳимтар аз ҳама расму оин ва суннатҳои Наврӯзӣ дар вуҷуди хеш падидаҳои барҷастаи инсонгароӣ ва маънавиёти баландро ҷой додаанд, ки шинохти ҳақиқати онҳо ба худогоҳии маънавӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ташаккули фарҳангӣ ахлоқии ҷомеа мусоидат мекунад.

 Яке аз анъанаҳои пурарзиши Наврӯзӣ ин аст, ки мардум хонаю дар, ашёи рӯзгор ва сарулибоси хешро тозаю озода карда, ҳамчунин ботину зоҳири худро аз кинаю адоват, хусумату бадбинӣ пок намуда, ҳамдигарро бо чеҳраи шоду оғӯши кушода қабул мекунанд. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки тамоми суннату анъанаҳо дар ягон давру замон моҳияти худашонро гум накарда, дар минтақаи Дарвоз, ба хусус дар деҳаи Ёгед ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳамчун ҷашни динӣ арзёбӣ гардида, манъ карда шуда буд, таҷлил карда мешуд.

 Мақсад аз эҳё ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ин баланд бардоштани мақому манзалати миллати тоҷик ва Тоҷикистони биҳиштосо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо имконият пайдо намудем, ки дар фазои озод, бо ифтихору сарбаландӣ аз таърихи пурғановати худ, ҷашну маросим ва урфу одатҳои саршор аз моҳияти инсонпарваронаю дорои мазмуни баланди ахлоқию зебоипарастиро таҷлил намоем.  

 Бигузор ҷашни Наврӯз ҳамчун решапайванди наслҳо, пайванди дирӯзу имрӯз, таҷассумгари суннатҳои неки ниёгон ва мероси нодири аҷдодамон барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла насли наврас ва ҷавонони ояндасози мо ба сифати арзиши бебаҳои маънавӣ хизмат намоянд.

 Месазад, ки Наврӯз ба ҳар як хонадони мо, кули тоҷикони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам паёми бахту саодат, хушнудию хушҳолӣ ва сулҳу суббот оварад.

 Ба якояки Шумо хонаи обод, иқболи нек, зиндагии орому осуда, дастархони пур аз нозу неъмат ва тамоми хушиҳои ҳаётро таманно дорам.

 Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад, ҳамдиёрони арҷуманд.

 




Омори сомона

1173930
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
361
386
3428
1167948
10508
25133
1173930